ТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳ

ДИҚҚАТ! СУРАТИ “ХИРСИ ОЗОДӢ” СУРАТИ СОХТА АСТ, ҲАМЛАИ ХИРС ДАР ВАНҶ НЕСТ

Радиои Озодӣ шоми 22 октябр дар сомонааш дар як матлаб бо номи «Сарашро захмӣ кардааст.» Ҷарроҳии наврасе, ки аз чанголи хирс наҷот ёфт” дар мавзӯи сарнавишти Парвиншо Муҳаббатов, як навраси 14-сола аз ноҳияи Ванҷ, ки ахиран ба ҳамлаи хирс дучор шуда, захмҳои сангин бардошт, аксеро чоп кардааст, ки дар он лаҳзаи нафареро дар як чаман пахш кардани хирс тасвир шудааст. Радиои Озодӣ дар зери ин акс навиштааст, ки ин акси ҳамлаи хирс ба Парвиншо дар Ванҷ асту онро гӯё шоҳидон гирифтаанд.Ташхиси акс тавассути барномаи Google Images нишон дод, ки айни сурати ҳамлаи хирс ба як нафар дар айни чаман ҳанӯз соли 2012 дар чанд расонаӣ японӣ, аз ҷумла дар http://viva-wmaga.eek.jp/ нашр шудааст. Аз он аксҳо дар расонаи ҷопонӣ бармеояд, ки хирси аксгиришуда хирси ромшуда аст, ки бо соҳибаш бозӣ мекунад ва ин ҳатто ҳамла ҳам нест.Бино бар ин, акси “хирси Озодӣ” акси ҳамлаи хирс дар Ванҷ нест, балки сохта аст, ба он бовар накунед.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button