Хабарҳои кӯтоҳҶомеа

ДАРГУЗАШТИ ШАЙХИ АКАДЕМИЯ ВА МУТАРҶИМИ “ҚОНУНИ ТИБ”-И СИНО САИД ШАҲОБУДДИНОВ

Маркази мероси хаттии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар дод, ки субҳи 22 октябр дили донишманди шинохтаи тоҷик Саид (Саиднуриддин) Шаҳобуддинов аз тапидан бозмонд. Маркази мероси хаттӣ Саид Шаҳобуддиновро аз ҷумлаи донишмандони варзидаи соҳаи илми шарқшиносӣ ва аз собиқадорони Академия ном бурда, марги ӯро талафот барои илми тоҷик номидааст. Номи Саиднуриддин Шаҳобуддинов пеш аз ҳама ба унвони нафаре, ки шоҳасари Абӯалӣ Ибни Сино “Қонуни тиб”-ро солҳои дарозе ба тоҷикӣ тарҷума ва дар ниҳоят нашр кард.Корманди Академия Umed Pudinaev Саид Шаҳобуддиновро “шайхи Академия” номида, навиштааст: “Устоди арҷманд Сайиднуридин Шаҳобуддинов шарқшинос, арабшинос, тарҷумон ва донишманди улуми исломӣ, аз мутарҷимони бузурги осори Абӯалӣ ибни Сино буданд…”

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button