Ҷомеа

Ба ҳалокат расидани ноболиғ зери чархи «Мерседес-Бенс»

Рӯзи 18-уми октябри соли 2021, тахминан соати 14:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», Мукарамзода Ғайрат Маҳмадсабур, соли таваллудаш 1991, сокини шаҳри Истиқлол, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Д.Холматови ноҳияи Б.Ғафуров аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ, Абдуҳафиззода Муслима, соли таваллудаш 2014, сокини ҷамоати деҳоти Д.Холматовро пахш намудааст.
Дар натиҷа, ноболиғ Абдуҳафиззода М. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button