Хабарҳои кӯтоҳҶомеа

Ифшо гардидани ҷиноятҳои дуздӣ

Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза ҷавонзани 20-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 22-юми июли соли 2021, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо ҷавоҳироти гуногуни тиллоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 66 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавонзани 21-солаи сокини ҳамин ноҳия бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Инчунин, дар натиҷаи баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 40-солаи сокини ноҳияи Фархор, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Номбурда шаби 17 ба 18-уми октябри соли 2021, тахминан соати 01:00, бо роҳи пинҳонӣ ба нуқтаи фурӯши машрубот, воқеъ дар кӯчаи И.Сомонии ноҳияи Фархор, ки ба марди 38-солаи сокини шаҳраки Фархораалуқ дорад, даромада, аз он ҷо 14 ҳазору 200 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button