Хабарҳои кӯтоҳ

ЧИН БА ТОҶИКИСТОН БОЗ 125 МИЛЛИОН ДОЛЛАР КУМАКИ БЕБОЗГАШТ МЕДИҲАД

Шӯрои Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон рӯзи 18 октябр дар
ҷаласааш Созишномаи Тоҷикистон Чин дар бораи ироаи 800 миллион
юан (ҳудуди 125 миллион доллар кумаки бебозгашти Пекин ба
Душанберо мавриди баррасӣ қарор додааст.
Хадамоти матбуоти палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон хабар дод,
ки ин маблағ барои таҳияи ТЭО, яъне асноди асоснокунии фанниву
иқтисодии лоиҳаи сохтмони майдонҳои қисман калидии марҳилаи
дуюми роҳи автомобилгарди Душанбе-Кулма, қитъаи Кальаи ХумбВанҷ ва татбиқи лоиҳаҳои дигари басозишрасида пешбинӣ шудааст.

Дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон гуфта шуд, ки матни
созишнома бо Чин аз ташхисҳои мухталиф, аз ҷумла аз ташхиси
зиддикоррупсионӣ гузаштааст ва он хилофи қонунгузории кишвар, аз
ҷумла қонунҳои мубориза бо коррупсия нест.
Чин (Хитой) дар солҳои охир барои Тоҷикистон ба сармоягузор ва
кумакрасони №1 табдил ёфта, ба Душанбе ба маблағи садҳо миллион
доллар ёриҳои бебозгашт расондаааст. Тобистони имсол Чин аз ҷумла
ба Тоҷикистон беш аз 2 миллион вояи ваксинаҳои зидди коронавирусро
бепул дод.
Ҳамин тавр, тақрибан нисфи 3 миллиард доллар қарзи хориҷии
Тоҷикистон қарзҳои додаи Чин аст, ки асосан барои бунёди роҳҳо сарф
шудаанд.
Мақомоти Тоҷикистон қарзу кумакҳои Чинро барои таъмини рушди
иқтисоди кишвар муҳим мешуморанд ва аз он ҷиҳат ҳам тавсиф
мекунанд, ки ба фарқ аз кишварҳои Ғарб ё ниҳодҳои молие, чун Бонки
ҷаҳонӣ ё Сандуқи пул, Пекин дар ивази қарзҳояш шартҳои сахте
намегузорад. Вале бархе коршиносон бар инанд, ки қарзҳои Чин
табибати “истеъморӣ” доранд ва дар оянда дар сурати ин қарзҳоро дода
натавонистанаш, Тоҷикистон маҷбур мешавад шартҳоеро, ки Чин дар
ивази қарзҳояш хоҳад гузошт, бидуни чуну чаро қабул кунад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button