Ифшо гардидани дуздии маблағ ва расмҳои ба тариқи дастӣ кашидашуда

Ба ШВКД-1 дар шаҳри Исфара бо ариза марди 47-солаи сокини ҷамоати деҳоти Шаҳраки шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки шаби 28 ба 29-уми сентябри соли 2021, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 30 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 29-солаи сокини ҷамоати деҳоти Шаҳрак бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Инчунин, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 38-солаи сокини шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, 29-уми сентябри соли 2021, бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматии ҷавонзани 26-солаи сокини пойтахт даромада, аз он ҷо 247-адад расмҳои ба тариқи дастӣ кашидашударо дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 50 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.