Хабарҳои кӯтоҳ

Ошкор гардидани 2 ҳолати қаллобӣ

Ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат бо ариза зани 48-солаи сокини ҷамоати деҳоти А.Абдулвосиеви шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки рӯзи 13-уми июли соли 2021, зани 35-солаи сокини ҷамоати деҳоти А.Абдулвосиев бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ ҳуҷҷатҳои хонаи истиқоматиаш, воқеъ дар кӯчаи 20-солагии Истиқлолияти шаҳри Ваҳдатро гирифта, ваъда додааст, ки ҳуҷҷатҳои мазкурро дуруст карда медиҳад, аммо хонаи истиқоматиро ба маблағи 263 ҳазор сомонӣ ба дигар шахс фурӯхта, маблағҳои ба даст овардаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Ҳамзамон, ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 41-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки соли 2014 дар назди бинои истиқоматиаш марди 44-солаи сокини пойтахт, ки пеш бо моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 50 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, аз ин маблағ 14 ҳазор доллари амрикоиро баргардонида, боқимонда маблағи 36 ҳазор доллари амрикоиро то ҳол барнагардонидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button