МУҲОҶИРОНХабарҳои кӯтоҳ

Як ронандаи такси аз Тоҷикистонро дар вилояти Ленингради Русия мусофиронаш латукӯб ва ғорат кардаанд.

Як ронандаи такси аз Тоҷикистонро дар вилояти Ленингради Русия мусофиронаш латукӯб ва ғорат кардаанд. Шаҳрванди Тоҷикистон ба пулис хабар додааст, ки баъди расидан дар хонаашон, ду ҷавон аз додани пули такси саркашӣ карда, инро баҳона овардаанд, ки саёҳат маъқулашон нашуд. Ронанда духтарро, ки дар курсии пеш менишаст, иҷозати берун шудан надодааст ва гуфтааст, ки аввал роҳкироро бидиҳед. Вале мусофирон ронандаро латукӯб кардаанд. Духтар бошад, бо истифода аз фурсат телефони мобил ва ҳамёни ронандаро дуздидааст. Маблағи умумии зарари ба таксирони тоҷик 42 ҳазор рублро ташкил додааст.Таксиронӣ як шуғли умдаи муҳоҷирони тоҷик дар Русия ба шумор меравад. Вале ин шуғл орӣ аз хатар нест. Як хатари умда барои ронандагони такси эҳтимоли мавриди ҳамла қарор гирифтани онҳо аз ҷониби муштариёнест, ки гоҳо амдан танҳо бо ҳадафи ғорати ронанда такси киро мекунанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button