ТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳ

ТО СЕ СОЛИ ЗИНДОН: ҶАЗО БАРОИ ТАЪЛИМОТИ ҒАЙРИҚОНУНИИ ДИНӢ ДАР ТОҶИКИСТОН САНГИНТАР ШУД

Маҷлиси намояндагон, маҷлиси поёнии парлумони Тоҷикистон рӯзи 6 октябр бо пешниҳоди ҳукумат ба Кодекси ҷиноятии кишвар моддаи нави 334.1-ро илова кард, ки он барои таълими динии ғайриқонунӣ, аз ҷумла аз тариқи Интернет, ҷавобгарии ҷиноятиро ҷорӣ кард. Ин банди қонун ҳамчун ҷазо барои ташкили таҳсили улуми динӣ аввал ҷарима ва дар сурати боз ҳам такрор кардани айни амал то 3 сол ҳукми зиндонро пешбинӣ мекунад. То кунун барои ташкили мадрасаҳои ғайриқонунӣ дар Тоҷикистон танҳо ҷавобгарии маъмурӣ дар шакли ҷарима пешбинӣ шуда буд. Бино ба иттилои хабарнигори парлумонии радиои Озодӣ, Нусратулло Мирзоев, муовини раиси Кумитаи давлатии амниятии миллӣ, ки тарҳи тағйирот ба Кодекси ҷиноятиро ба вакилони Маҷлиси намояндагон муаррифӣ мекард, гуфтааст, бар асоси таҳлилҳои мақомот, 95 дарсади афроде, ки ба гурӯҳу созмонҳои тундгарон гароидаанд, таълимоти ғайриқонунии динӣ гирифтаанд. Мирзоев афзуд, давоми солҳои 2019-2020 ва 9 моҳи аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 1833 ҳолати таълимоти «ғайриқонунии динӣ» ошкор шуда, дар байни онҳое, ки ба таълимоти ғайриқонунии динӣ машғул буданд, 43 имомхатиб, 983 руҳонии ғайрирасмӣ, 32 омӯзгор ва 17 донишҷӯ ошкор карда шудаанд. Муовини раиси КДАМ гуфт, тибқи таҳлилҳои онҳо, таълимгирандагони ҳалқаҳои дарсии ғайриқонунии динӣ ба таълимдиҳандагон аз 200 то 5000 сомонӣ ҳаққи хизмат пешниҳод мекардаанд. Ба гуфтаи ӯ, 33 нафар падару модароне, ки фарзандони худро ба чунин ҳалқаҳои дарсии ғайриқонунӣ фиристода, монеи рафтани онҳо ба мактаб шуданд, ҷазо гирифтанд. Мирзоев афзуд,»вазъи таълими динӣ нигаронкунанда буда, тамоюли болоравӣ дорад»

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button