АфғонистонХабарҳои кӯтоҳ

САРМУҲОФИЗИ АШРАФ ҒАНӢ: Ӯ БО ЧАНД ХАЛТА ПУЛ АЗ АФҒОНИСТОН ГУРЕХТ

Генерал Пирӯз Ато Шарифӣ, сардори муҳофизони президенти собиқи Афғонистон Ашраф Ғанӣ дар мусоҳиба ба нашрияи бритониёии Daily Mail гуфт, Ғанӣ 15 август ҳангоми фирор аз кишвар миллионҳо долларро бо худ бурдааст. “Дар дасти ман сабти видеокамераҳои назоратии Арки раёсатҷумҳурӣ мавҷуд аст, ки чӣ хел қабл аз фирори Ғанӣ ба инҷо пули зиёд овардани як одам аз бонки Афғонистонро нишон медиҳад. Онҷо садҳо миллион ва шояд миллиардҳо доллар буд. Чандин халтаи калони вазнин буд. Ва дар ин халтаҳо, албатта, биринҷ ки набуд ”, — нақл кардааст генерал Шарифӣ.Сардори муҳофизонаш ягона нафаре нест, ки Ашраф Ғаниро ба дуздии миллионҳо доллар айбдор мекунад. Аввал сафорати Русия дар Кобул гуфт, 15 август, вақте Ғанӣ фирор мекард, он қадар пули зиёд бо худ дошт, ки ҳамааш дар чархболҳо нагунҷид ва чанд халта пулро одамони ӯ дар фурудгоҳ партофта, рафтанд. Сафири Афғонистон дар Душанбе Зоҳир Ағбар Ғаниро айбдор кард, ки 169 миллион доллар пули мардумро дуздида бурдааст. Худи Ғанӣ баъди фирораш қасам хӯрда буд, ки ягон тин набурдааст. Ӯ гуфт, аз хона бо пойпӯши хонагӣ баромада, ҳатто фурсат наёфт, ки либосу кафшашро иваз кунад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button