ХабарҳоХабарҳои кӯтоҳ

ҲАБСИ СЕ РЭПСАРОИ ТОҶИК БАРОИ ИСТИФОДАИ ДАШНОМҲОИ ФАҲШ

Се рэпсарои тоҷикро дар пайи як “батл” (“набард”) бо иттиҳоми истифода аз дашномҳои фаҳш дастгир ва ҳар кадомро ба 5 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ маҳкум кардаанд.Дар ин бора бо нашри акси рэпсароёни ҳабсшуда дар гуруҳи “Андеша” дар Фейсбук хабар доданд. Бино ба навиштаи муаллиф, “репсароҳо: Чориев Ҳусейн Неъматуллоевич, соли таваллудаш 27.08.1992, Толибов Қурбоналӣ Мирзоалиевич, соли таваллудаш 01.04.1998 ва Сафаров Фаридун Абдуқодирович, соли таваллудаш 09.11.1999 зимни баргузории «батл» ба якдигар суханҳо ва дашномҳои фаҳш гуфтанд, ки ба шаъну шараф ва эътибори фарзанди тоҷик рост намеояд ва сипас навори тахкиромез ва фаҳши худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр намудаанд. Хушбахтона, аз ҷониби макомоти корхои дохилӣ барои ин кирдори ғайриахлоқиашон дастгир гардида, муҳлати 5 шабонарӯз аз озодӣ маҳрум карда шуданд.”Тафсилоти дигар дар бораи ин қазия дода нашудааст. Иттилои расмие низ дар бораи ҳукми ин се рэпсаро нашр нашудааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button