ТОҶИКИСТОН

ПАХТА НАКОРИДӢ? 200 СОМОНӢ ДЕҲУ ҲУҶҶАТ ГИР, КИ ГӮЁ КОРИДИЮ СУПОРИДӢ

Сокинони ноҳияи Вахш мегӯянд, раисони ҷамоатҳо хоҷагиҳои хурди деҳқониеро, ки дар заминҳояшон имсол пахта накоридаанд, маҷбур доранд, ки барои ҳар тонна пахта 200 сомонӣ бисупоранд.Як сокини ҷамоати Ваҳдат ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” гуфт, “раиси ин ҷамоат бо номи Музаффар ва муовинаш Абдушукуров Абдусаттор хона ба хона гашта, аз роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ 200 сомонӣ талаб доранд. Онҳо гуфтанд, ки ба ин 200 сомонӣ онҳо аз ягон корхонаи пахта ПК (ҳуҷҷати қабули ҳосили пахта) мехаранд ва ба давлат пешниҳод мекунанд, ки гӯё ин хоҷагии деҳқонӣ пахта корида, ба давлат як тонна пахта супоридааст. Вале вақте ки мо пахта накорида бошем, чӣ даркор ин хокпошӣ ба чашми давлат?”Як манбаи огоҳ дар мақомоти ноҳияи Вахш ба “Бомдод” гуфт, зоҳиран раисони ҷамоатҳоро як сабқати аз ҷониби раиси ин ноҳия эълоншуда барои боло нишон додани ҳосили пахтаи хоҷагиҳояшон чунин фаъол кардааст.Дар ноҳияи Вахш раиси ҷамоате, ки хоҷагиҳои деҳқониаш аввалин шуда нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахтаро иҷро мекунанд, сазовори ҷоиза: мошини “Тойота Кемри” мешавад. Соли гузашта ин ҷоизаро як зан: раиси ҷамоати ба номи Рӯдакӣ ба даст овард.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button