Хабарҳои кӯтоҳ

Мусулмонӣ дар забон нест

Мусулмонӣ дар забон нест Наҳзатиёни хоин ва Иқболи беиқбол имрӯз бо тамоми маҳорати баланди дуруғбофӣ ва муболиғаи мансуби Кабирии хиёнатпеша дар олами санъати макру гумроҳӣ, бо нигораҳои бемазмуну мантиқ мехоҳад, худро дар чашми мардум мусулмони комилу тавонманд нишон диҳад. Ба ақидаи ин ифротиёни гумроҳ, ки дар ҳар гушаву канори дунё ба ғайр аз дар байни мардум тухми ҷангу нифоқ парешониву исён паҳн намудан шуғли дигаре надоранд, боз бо кадом рӯю забон ҷурат намуда худро мусулмон ҳисобида амалҳои худро аз рӯи шариату ислом меҳисобанд саволест ба ҳамаи аъзоёну пайравони Кабирии номусулмон. Мусулмоние, ки шумо хунхорон дар сарҳои ба мисли кадуи худ ҷой кардаеду мепиндоред, ки он амалҳои шумо аз рӯи ислом асту шумо мусулмонед дониста бошед, ки хато кардаед. Он ҳамаи ҷиноятҳое, ки якояки наҳзатиён имрӯзҳо анҷом дода истодаед, на ба мусулмонӣ наздикӣ дораду на ба кофирӣ. Дар ягон гушаи дунё ба мисли шумо нафарони чашмгурусна ва ҳариси дунёпараст ки ба хотири нафс аз баҳри Ватану Миллат ва падару модар гузашта бошанд дигар нест, ва шумо ғуломи ҳирс гаштагон хору залил ва сарафканда хоҳед монд. Иқболи беиқбол ва Кабирии манфур, ки инони сабрро аз даст дода, зиёд ҳариси дунёпарастанд, имрӯз гадову дар ба дар гаштаанд. Аз нигоҳи онҳо дунё бояд дигаргуна бошад. Онҳо ба оламу ҳастӣ бо диди дигар олами тахаюлоти дигар назар доранд. Ҳаёту зиндагӣ танҳо аз минбари сухан ба кару фарри ҳамон муллоҳо,эшону ҳазратҳояшон асту бас. Дар мағзҳои шустаи онҳо ҳеҷ намегунҷад, ки танҳо ба масҷид рафтану аз минбари он амри маъруф намудан сура ва оятҳои қуръонро ба фаҳми худ тафсир намуда аз ҷониби рӯхониёни диндор ба мардум бо ҳиллаву найрангу фаҳш фурӯхта, гаштаву баргашта ба ҷиҳод даъват намудан, кишвар обод нагаштаасту мусулмонӣ ва ислом низ ин тавр нест. Ҳамаи он хиёнаткорони Ватан аз ҷумлаи он шахсоне, мебошанд ки аз таълимоти диннӣ бархурдоранд. Саволе ба миён меояд, ки чаро он нафароне ба номи Ватан иснод овардаанду имрӯз дар Сурия меҷанганд таълимоти диннӣ доранд? Пас ё онҳо аз дину мусулмонӣ хуб огоҳ нестанд ё таълимоти мегирифтаи онҳо аз рӯи дин набуда он дарсҳо дар доира террору несту нобуд намудани одаму олам аст. Зеро он ҳамаи толибилмон баъди бозгашт дар ватани худ нияти ҷиҳод намуда, зиндагии қаблиро қабул наменамояд. Баъд аз мулло шуда баргаштан тасавур менамоянд, ки дунё танҳо барои ӯ вуҷуд дорад ӯ мусулмони комил асту дигарон мутлақо кофир. Ҳиси кинаву адоват дар замири қалбашон маскан гирифта нисбат ба Ватану Миллати худ бо нафрат аз минбар сухан гуфтанро ба худ касб менамоянд. Аз замонҳои қадим диндорони мутаасиб ба корҳои сиёсату давлат дахолат намуда то имрӯз ғайр аз зиён расондан ба давлату миллат кори хайре анҷом надодаанд, ки мо тавонем як нафарро ё як кори хайри анҷом додаи он гурӯҳҳоро ҳамчун намуна қайд намоем. Ба ҷуз даъват намудан ба иғво нооромӣ ва парокандагӣ. Онҳо дурӯғ ва фиреб доданро фатво медиҳанд. Худро некбину хайрхоҳ нишон додан мехоҳанд. Аз номи ислом баромад менамоянд, дар ҳоле ки худ фарсахҳо аз он дуранд. Мусулмонӣ танҳо дар забон нест, мусулмонӣ дар амалу рафтор, дар кору пайкор зуҳур меёбад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button