ТОҶИКИСТОН

Дастгир гардидани мӯсафеди 74-сола бо ҷурми қасдан расонидани зарар ба саломатӣ

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 74-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҳамчун гумонбар дар қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, рӯзи 8-уми сентябри соли 2021, тахминан соати 12:00, дар хонаи истиқоматиаш, ҳамсараш зани 37-соларо лату кӯб намудааст.
Дар натиҷа, ҳамсараш мувофиқи хулосаи ташхиси судӣ-тиббӣ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ ба саломатиаш бардоштааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button