Номаҳо ба президентХабарҳои кӯтоҳ

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд рафт

Сафари кории президент аз маркази вилоят шаҳри Хуҷанд оғоз шуд

ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд сафар кард, хабар медиҳад хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон.Бино ба гузориши манбаъ, мақсади сафари кишвардор, иштирок дар тантанаҳои ҷашни бузурги миллӣ – 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти ҷашнӣ, суҳбату мулоқот ва шиносоӣ бо вазъи зиндагии сокинон ба вилояти Суғд мебошадЭмомалӣ Раҳмон баробари ворид шудан ба шимоли кишвар, нахуст дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд бинои толори вакилони расмии фурудгоҳро баъди навсозии куллӣ ва муҷаҳҳазгардонӣ ифтитоҳ намуданд.Бинои нави толори вакилони расмии Фурудгоҳи баиналмилалии Хуҷанд дар масоҳати 810 метри мураббаъ навсозӣ карда шуда, бо таҷҳизоти замонавии хизматарсонӣ муҷаҳҳаз ва шароити муосиру мувофиқ барои мусофирону меҳмонон фароҳам оварда шудааст

Ёдовар бояд шуд, ки бинои толори вакилони расмии фурудгоҳи баиналмилалии Хуҷанд дар солҳои 70-уми асри гузашта сохта шуда, то ба имрӯз таъмиру таҷдид карда нашуда буд.Ҳадаф аз тачдиду муҷаҳҳазгардонии бинои мазкур, пеш аз ҳама, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва муҳайё сохтани шароити муосири хизматрасонӣ барои мусофирон гуфта мешавад..Ҳамзамон дар ин макон суҳбати Эмомалӣ Раҳмон бо 100 нафар кӯдаки ятим аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баргузор гардида, раисиҷумҳур ба ҳар яки ин онҳо туҳфаҳо — сару либос ва маблағи пулӣ тақдим кардааст.Эмомали Раҳмон ҳамзамон бинои нави аэровокзали фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷандро низ расман ба истифода додааст, ки он бо арзиши 220 миллион сомони аз ҳисоби воситаҳои молиявии фурудгоҳ бунёду муҷаҳҳаз карда шудааст.Гуфта мешавад, бинои нави аэровокзали фурудгоҳ имкон медиҳад, ки то ба 400-500 нафар мусофир дар қабулу гусел дар як вақт хизматрасонӣ карда шавад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button