Номаҳо ба президентСиёсат

Путин саҳми Раҳмонро дар таъмини амнияти Осиёи Марказӣ назаррас хонд

Путин саҳми Раҳмонро дар таъмини амнияти Осиёи Марказӣ назаррас хонд

Рабочий визит президента РФ В. Путина в Кыргызстан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.10.2021

Раисҷумҳури Русия Владимир Путин дар паёми шодбошии худ ба Эмомалӣ Раҳмон аз саҳми ӯ дар таъмини амнияти Осиёи Марказӣ гуфтДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон имрӯз аз 69 — умин солгарди худ таҷлил мекунад.Ба ин муносибат Эмомалӣ Раҳмонро ҳамтоёни ӯ аз кишварҳои дуру наздик бо ирсол намудани паёми шодбошӣ таҳният гуфтанд.Котиботи раисҷумҳури Тоҷикистон нахуст номаи табрикотии кишвардори Русия, Владимир Путин унвонии Эмомалӣ Раҳмон нашр намудааст.Роҳбари Русия дар мадҳ аз обрӯ ва нуфузи Эмомалӣ Раҳмон гуфта, нақши ӯро дар таъмини амнияти Осиёи Марказӣ назаррас арзёбӣ кард.»Зери роҳбарии шумо Тоҷикистон дар соҳаҳои иқтисодиву сиёсӣ ба дастовардҳои зиёд ноил шудааст», — омадааст дар матни табрикотии Владимир Путин.Дар идома, Президенти Русия ба ҳамтои тоҷики худ саломатӣ ва некуаҳволию муваффақиятро таммано кард.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button