Номаҳо ба президентХабарҳои кӯтоҳ

Раҳмон ба миллат: ба забони тоҷикӣ арҷ гузореду донандаи хуби дигар забонҳо низ бошед

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.10.2021

© Пресс-служба президента ТаджикистанЭмомалӣ Раҳмон сокинони кишварро бо Рӯзи забони давлатӣ, ки 5 октябр 13 сол аст, ҷашн гирифта мешавад, табрик гуфт

ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон сокинони ҷумҳуриро бо Рӯзи забони тоҷикӣ табрик гуфт ва даъват кард, ки ба он эҳтиёткорона муносибат кунанд, гузориш медиҳад дафтари матбуоти сарвари давлат.Президент қайд кард, ки ин ҷашн рамзи эҳтиром ва посдории забони модарист.Раҳмон қайд кард, ки забон моли миллат аст ва ҳамчун организми зинда ба нигоҳубин ниёз дорад.»Мо забони модарии худро дӯст медорем, ба он эҳтирому арҷи бепоён мегузорем, зеро забон ганҷи бебаҳои мероси фарҳангӣ ва аз ҷумлаи олитарин муқаддасоти миллии мо ба шумор меравад», — таъкид кардааст президент.Дар баробари ин раисиҷумҳур қайд кард, ки донистани якчанд забон, ки аз анъанаҳои деринаи гузаштагони бузургамон маншаъ мегирад, имрӯз ҳама қишрҳои ҷомеа, махсусан, насли наврасу ҷавонро водор месозад, ки дар баробари аъло донистани забони давлати худ, яъне тоҷикӣ донандаи хуби дигар забонҳо низ бошанд.Президент ҳамчунин даъват кард, ки барои поку бегазанд нигоҳ доштани забони модарӣ кӯшиш намоем, забондонии хешро пайваста сайқал диҳем ва онро чун гавҳараки чашм пос дорем.»Мо бояд дар ёд дошта бошем, ки сарчашма ва пойдевори худогоҳиву худшиносӣ забони модарӣ аст ва маҳз забони миллӣ тафаккури миллиро ташаккул медиҳад. Яъне забони модарӣ барои мо – тоҷикон асоси ҳувияту худшиносии миллиамон мебошад», — изҳор доштааст президент.Ёдовар мешавем, ки қонун «Дар бораи забони давлатии Тоҷикистон» 5 октябри соли 2009 қабул шуда, соли 2020 бо қарори ҳукумат «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» тасдиқ карда шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button