Афғонистон

Маскав ба «Толибон» ваъдаҳои додаашонро хотиррасон карддар

Вазорати хориҷаи Русия бо тардид ба тааҳудоти «Толибон»*, ки қаблан барои таъмини амният дар ин кишвар ва минтақа эълон карда буданд, ёдоварӣ кард

ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Вазорати умури хориҷии Русия вазъи ноороми Кобулро шарҳ дод.Тавре сухангӯи вазорати корҳои хориҷӣ Мария Захарова дар нишасти матбуотие гуфт, Маскав амали террористии гурӯҳи ДИИШ * -ро дар даромадгоҳи масҷид дар маркази пойтахти Афғонистон маҳкум мекунад.Захарова хотиррасон кард, ки раҳбарияти «Толибон»* итминон доданд, ки аз қаламрави Афғонистон ба кишварҳои сеюм таҳдид ба амният вуҷуд нахоҳад дошт.»Мо зарурати идомаи талошҳоро барои решакан кардани терроризм дар Афғонистон қайд мекунем», — гуфт намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Русия.Вай аз номи ниҳоди дипломатӣ ва кишвар ҳамчунин ба хонаводаҳои қурбониён изҳори ҳамдардӣ кард ва ба захмиён шифои ҳарчи зудтар орзу кард.Ёдовар мешавем, ки ҳамлаи террористӣ якшанбеи гузашта дар даромадгоҳи масҷиди Идгоҳи пойтахт рух дод.Русия: Дар лағви таҳримҳо алайҳи «Толибон»* шитоб накардан беҳтар астДирӯз, 13:02722Дар натиҷаи ҳамлаи террористӣ, тибқи маълумоти пешакӣ, 19 ғайринизомӣ кушта шуда, зиёда аз 30 нафар маҷрӯҳ шуданд. Таркиш дар байни издиҳом дар маросими видоъ бо модари сухангӯи «Толибон»* Забиуллоҳ Муҷоҳид рух дод.* — Ташкилоти террористӣ, ки фаъолияташ дар Русия ва Тоҷикистон мамнӯъ аст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button