Ҷомеа

Чаро Салимпур номи расонаи ифротгарояшро тағйир дод?

Маълум аст, ки имрӯз созмонҳои террористиву экстремистӣ аз интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ барои паҳн намудани ғояҳои ифротӣ ва радикалии худ ба таври васеъ истифода менамоянд. Шабакаҳои иҷтимоӣ, ки чандон назорат карда намешаванд, аз ҳамин лиҳоз чунин ташкилотҳо онро ҳамчун майдони амалиёт истифода менамоянд. Имрӯз дар фазои маҷозӣ ва ҳудуди шабакаҳои иҷтимоӣ садҳо расонаҳои ифротгарое фаъолият менамоянд, ки муассиси онҳо ташкилотҳои бузурги террористӣ ва давлатҳои манфиатдор мебошанд. Масалан, имрӯз Созмонҳои террористӣ ва ифротгарое ба монанди Давлати исломӣ, Бародарони мусулмон, Ҳизби наҳзати, “Гурӯҳи 24” ва ғайраҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба паҳн намудани маълумотҳои бардуруғ, экстремистӣ ва радикалӣ машғул мебошанд. Албатта, барои чунин гуруҳҳо оромӣ ва ҳаёти ягон шахс аҳамият надорад. Таъкид намудан зарур аст, ки дар ин муддат чанд созмонҳои ифротгаро ва террористӣ ошкор карда шуда, фаъолияти онҳо дар қаламрави Тоҷикистон манъ карда шуд. Яке аз чунин сомонаи наҳзат, ки дар симои расонаи хабарӣ фаъолият менамуд, сомонаи «Ахбор ком» буд. Фаъолияти ин сомонаи ифротгароро Суди Олии Тоҷикистон ду сол қабл дар Тоҷикистон манъ намуда, онро ба рӯйхати сомонаҳои экстремистӣ ворид намуд. Дар воқеъ ҳамчун расонаи экстремистӣ эътироф гардидани «Ахбор ком» омилҳои худро дошт. Яке аз ин омилҳо ин буд, ки ин расона ба минбари экстремистону террористон табдил гардида буд. Маводҳои ифротии ташкилотҳои террористӣ дар ин расона таблиғ карда мешуданд. Дигар ин, ки ин расона бо паҳн намудани ахбороти дурӯғ талош менамуд дар ҷомеаи тоҷикистонӣ кинаву адоватро бавуҷуд орад. Ҳамин тавр бо дарназардошти чунин ҳолат Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири ҳифзи суботи сиёсӣ ва таъмини амнияти миллӣ фаъолияти ин расонаро дар қаламрави кишвар пурра манъ намуд. Имрӯз сардабири ин расонаи ифротӣ Мирзои Салимпур талош дорад, ки боз дар ниқоби дигар барои паҳн намудани ғояҳои радикалии наҳзат дар фазои фикрии Тоҷикистон фаъолият намояд. Чанде пеш, Салимпур бо нашри изҳороте аз таъсиси сомонаи нави ифротӣ хабар дод, ки онро «БОМДОД» унвон кардааст. Дар ин ҷо саволи асоси он аст, ки чаро Салимпур номи расонаро тағйир дод?1. Шаҳрвандони Тоҷикистон расонаи «Ахбор»-и ӯро ҳамчуни расонаи экстремистӣ пурра эътироф карда дар ҳама ҷо ба сардабири он нафрат мехонданд.2. Ҳамчунин тариқи филмҳои ҳуҷҷатӣ бори дигар исбот шуд, ки Мирзои Салимпур дар бахши матбуоти ташкилоти террористии наҳзат фаъолият менамояд.3. Салимпур ба хотири фиреби мардум номи расонаашро иваз намуд. Яъне, моҳиятан «БОМДОД» расонаи ифротӣ аст ва шаклан ном тағйир карда халос.Ҳамин тавр, фаъолияти ин расона сирф ба барои паҳн намудани ғояҳои ифротӣ ва террористӣ буда, ҳеҷ хайре барои ҷомеа надорад. Ин расона низ, бояд ҳарчи зудтар фаъолияташ дар ҳудуди Тоҷикистон пурра манъ карда шавад.сиёсатшинос Шаропов Дилмурод

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button