СиёсатХабарҳоХабарҳои кӯтоҳ

М. Садриддин бедодгаре дар фазои маҷозӣ

Фазои бемаҳдуди маҷозӣ дар баробари он ҳама манфиатҳояш ба ҷомеаи ҷаҳонӣ хатароти муайянро низ дар пай дорад. Авбошу қаллобҳое ҳастанд, ки дар дунёи воқеъӣ шармандаву расво шудаанд, ба фазои маҷозӣ гузашта, дар он ҷо фаъолияти қаллобиву мардумфиребии худро идома медиҳанд. Онҳо аз ҳудуди амалкарди қонунҳои як кишвар берун рафта, бар зидди манфиатҳои мардуми он ҳамарӯза кор мебаранд.Яке аз ҷиноятпешагони фирории наҳзатӣ бо номи Муҳаммадиқболи Садриддин, ки дар Аврупо панаҳ бурдааст дар пойгоҳи хабарии террористии мамнуъи “Ислоҳ.нет” шабонарӯзӣ ба дурӯғпардозию ҳарзагӯӣ машғул аст. Ӯ ҳамарӯза кӯшиш мекунад, то сафедро сиёҳ ва дурӯғро рост ба намоиш дароварад. Чун зеҳнияташ зеҳнияти инсонбадбини таассубзада ва хурофотӣ аст, ҳамаро аз ин мағзи бемори гирифтораш мавриди арзёбӣ қарор медиҳад. Ӯ ки тафаккури асримиёнагӣ дорад ва ё ҳадди ақал ҳама бузургию шаҳоматро дар низомҳои пӯсидаи асримиёнагӣ мебинад, аз ин рӯ, дар таҳлили ҳаводис ва саҳнасозиҳои хаёлиаш низ аз ҳамон мафкураи пӯсида ва бумбастии асримиёнагиаш истифода мекунад.Ин марди беномус дар миёни мардуми тоҷик шарманда шуда (дар наврасиаш дар ҳамсоякишвар таҷовуз шудани вай дар байни мардум овоза шудааст), ба Аврупо гурехтааст ва дар он ҷо сомонаи ифротие бо номи “Ислоҳ.нет” сохта, ба тавҳину таҳқир ва туҳматзании шаҳрвандони Тоҷикистон машғул аст. Вай, бо як берӯгӣ ва беномусии ба худ хос, шахсиятҳои созанда ва машҳуру маҳбуби мардуми тоҷикро мавриди ҳадаф қарор дода, бо суханони пуч ва рақамҳои бофта онҳоро ба ҷиноятҳои гуногун мутаҳҳам меномад. Мусаллам аст, ки барои ин иттиҳомоти худ ҳеҷ далеле надорад ва бо ин туҳмату тавҳин заданҳояш нисбати шаҳрванди дигар қонуншиканӣ мекунад. Аммо берун аз қаламрави Тоҷикистон эҳсоси беҷавобӣ карда, ин ҳама бедодгариро ба роҳ мондааст.Ин ҳама бедодгарии Муҳаммадиқболи Садриддин дар ҳолест, ки чандин шаҳрванд ба Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз болояш аризаи шикоятӣ навиштаанд. Онҳо иқрор шудаанд, ки Муҳаммадиқболи Садриддин бо роҳи истифода аз арзишҳои динӣ ба боварии онҳо даромада, тақрибан панҷ миллион сомонии онҳоро гирифта гурехтааст. Дар чунин шароит бояд ин марди қаллоб ба муддате хомӯш меистод. Вале ҳамаи инро нодида гирифта, боз ба монанди фоҳишаи нав муштарияшро ҷавобдода, лангон-лангон ба саҳнаи маҷозӣ баромада даъвои иффат карда истодааст.Маълум аст, ки Муҳаммадиқболи Садриддин бо роҳи тавтеасозӣ мехоҳад миёни мардуми тоҷик тафриқа андохта, ба истилоҳ “обро лой карда моҳӣ гирад”. М.Садриддин фикр мекунад ин дурӯғу туҳматҳои бофтаи вайро дигарҳо эҳсос намекунанд ва гӯё мо ҳанӯз дар дунёи афсонабофӣ зиндагӣ мекунем ва касе қобилияти таҳлили навиштаҳои аз мантиқ дури ин нафарро надорад. Аммо ин ифротии ноқисулақл тавони дарки ин воқеиятро надорад, ки ин мардум соҳибақл аст. Намедонад, ки дигар ин мардум ба монади моргазида аз банди алла метарсад. Ва ё дурусттараш ин мардум дигар он мардуми бетаҷрибаи сиёсии солҳои наваддум нест, ки Муҳаммадиқболи Садриддин, монанди падари мурдааш, фиреб диҳаду аз ҷону моли онҳо суистифода кунад. Баъди аз даст додани 150 ҳазор фарзандаш ин мардум зиракии сиёсиро ба даст овардааст ё худ имунитет пайдо кардааст ва вируси наҳзатӣ дигар ба он таъсиргузор нест.Дар охир ба ҷавонони тоҷик тавсия медиҳем, ки дар фазои маҷозӣ ба равзанаҳои қаллобону ифроиён, ба монанди Муҳаммадиқболи Садриддин, ворид нашаванд. Дониста бошанд, ки афсонаҳои ин тоифаи муфтхур дигар куҳна шуданд ва ба дарди касе намехӯранд. То аз пайи ин туҳмату томот будан, беҳтар аст, ки дар пайи амале буда бошанд, ки як зарра барои худашон, ақалан аз лиҳози маънавӣ,судманд бошад.Хуршеди Мурод,таҳлилгар

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button