АфғонистонХабарҳои кӯтоҳ

“Толибон” забони ӯзбекиро аз мақоми расмӣ маҳрум карданд

“Толибон” забони ӯзбекиро аз мақоми расмӣ маҳрум кардандҲаракати тнудгарои “Толибон” (фаъолияташ дар бисёре аз кишварҳо манъшуда) қонуни муваққатӣ қабул кард, ки мувофиқи он забони ӯзбекӣ аз мақоми расмӣ дар Афғонистон маҳрум мешавад. Дар ин бора хабаргузории “Лента.ру” бо истинод ба РИА Новости иттилоъ медиҳад.Мувофиқи қонуни қабулшуда бо номи «Асосҳо», дар кишвар танҳо забони пашту ва дарӣ забони давлатӣ боқӣ монда, исломи суннии мазҳаби ҳанафӣ ягона дини расмӣ эътироф шудааст.Ҳамзамон, зикр мегардад, ки то ҳол дар кишвар як ҷомеаи назарраси шиъаҳо мавҷуд буда, дар музофотҳои шимолӣ мардуми зиёди ӯзбекзабон зиндагӣ мекунанд.Дар қонун ҳамчунин таъсиси шӯрои ҳуқуқшиносони исломӣ ва шӯрои олӣ дар Афғонистон пешбинӣ шудааст, ки ба он сиёсатмадорон, олимон ва рӯҳониёни ҳар як минтақа шомил мешаванд. Роҳбари ҳокимияти иҷроия президент аст, ки аз ҷониби шаҳрвандон ва аъзои шӯрои олӣ интихоб карда мешавад.Илова бар ин, санад намояндагони Ассамблеяи миллии Афғонистонро аз дахлнопазирии парлумонӣ маҳрум карда, Рӯзи Истиқлолиятро аз Бритониё, Русия ва Амрико ҳамчун ҷашн муқаррар кардааст.Қаблан намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон Юсуф Кобулҷонов дар ин робита изҳор дошта буд, ки “Толибон” ба мақомоти Ӯзбекистон нигоҳ доштани мақоми расмии забони ӯзбекиро дар Афғонистон кафолат медиҳанд ва ваъда доданд, ки ба омӯзиш ва рушди он дар кишвар мусоидат хоҳанд кард.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button