ВидеоТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳ

ДУЗДИИ ТЕЛЕФОН ДАР “ОБШОРОН” ВА СЕ ҚАЛЛОБӢ ДАР ҶАЙҲУНУ ХУҶАНД ВА ПАНҶАКЕНТ

Ҷавони 19-солаи қаблан ҳам барои дуздӣ судшудаи сокини пойтахт ба он гумонбар мешавад, ки шоми 14 июл, соати 19, дар назди Маркази дилхушии “Обшорон”, дар кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ бо роҳи пинҳонӣ аз ҷайби як зани 41-солаи сокини ноҳияи И.Сомонӣ телефони мобилии тамғаи “Ҳонор”, арзишаш 6 ҳазор сомониро дуздидааст.хххххххххххМарди 41-солаи сокини ҷамоати Қумсангири ноҳияи Ҷайҳун ба он гумонбар мешавад, ки соли 2016, бо роҳи фиреб ва сӯистифода аз боварӣ аз ҶДММ “Нонпази Нов”-и ноҳияи Спитамен барои фурӯхтан ба маблағи 172 ҳазор сомонӣ ордро насия гирифта, дар ноҳияи Ҷайҳун ба фурӯш задааст, вале пули корхонаро надодааст.ххххххххМарди 62-солаи қаблан ҳам барои қаллобӣ ва сохтакорӣ судшуда аз ҷамоати Ҳайдар Усмони ноҳияи Б.Ғафуров ба он айбдор мешавад, ки аз моҳи сентябр то моҳи ноябри соли 2013, бо роҳи фиреб ба боварии сокини 43-солаи Хуҷанд даромада, бо ваъдаи гирифта додани 8 сотих қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз ҳудуди шаҳри Хуҷанд аз ӯ 28 500 доллар гирифтааст.хххххххххМарди 39-солаи сокини ҷамоати Рӯдакии Панҷакент ба он айбдор мешавад, ки аз аввалҳои моҳи май то августи соли 2021 бо роҳи фиреб ба боварии сокини 30-солаи ҷамоати Ёрӣ даромада, барои пешрафти соҳибкориаш ва оварда додани молҳои калони шоҳдор аз ӯ 95 ҳазор сомонӣ гирифтааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button