АфғонистонТОҶИКИСТОН

Санги тахрибкардаи қабри Масъудро барои барқарор кардан ба Кобул мебаранд

Маълум шуд, ки на танҳо сарпӯши шишагии муҷассама, балки санги мақбара ҳам вайрон шудаастДУШАНБЕ, 9 сен — Sputnik. Толибон* мехоҳанд санги шикастаи оромгоҳи раҳбари Эътилофи Шимолӣ Аҳмадшоҳи Масъудро барқарор кунанд.Дар ин бора дар саҳифаи Twitter — и AfghanUrdu гузориш дода шудааст. Қаблан Вазорати корҳои дохилии Афғонистон изҳоротро дар бораи тахриби қабри Масъуд аз ҷониби ҷангиён рад кард.Наворҳои муҷассамаи шикаста, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуда буд, ба гуфти намояндагони ин шӯъба, «қалбакӣ ва фотошоп» аст. Радикалҳо суханони худро бо аксе, ки қабр солим буд, тақвият доданӣ буданд.

Баъдтар, аксҳо ва наворҳои дақиқ пайдо шуданд, ки аз асли вазъ дар Оромгоҳи Масъуд қисса мекарданд.Аз ин наворҳо дида мешавад, ки на танҳо сарпӯши шишагии муҷассама шикастааст, балки санги оромгоҳ низ осеб дидааст. Ҷангҷӯён яке аз онҳоро чен карда, кӯшиш доранд бифаҳманд, ки вазъро чӣ гуна ислоҳ кардан мумкин аст.https://platform.twitter.com/embed/Tweet.html?dnt=false&embedId=twitter-widget-0&features=eyJ0ZndfZXhwZXJpbWVudHNfY29va2llX2V4cGlyYXRpb24iOnsiYnVja2V0IjoxMjA5NjAwLCJ2ZXJzaW9uIjpudWxsfSwidGZ3X2hvcml6b25fdHdlZXRfZW1iZWRfOTU1NSI6eyJidWNrZXQiOiJodGUiLCJ2ZXJzaW9uIjpudWxsfSwidGZ3X3NwYWNlX2NhcmQiOnsiYnVja2V0Ijoib2ZmIiwidmVyc2lvbiI6bnVsbH0sInRmd192ZGxfY2hpcnBfMTI3OTQiOnsiYnVja2V0IjoidmRsX29ubHkiLCJ2ZXJzaW9uIjozfX0%3D&frame=false&hideCard=false&hideThread=false&id=1435813965737644036&lang=en&origin=https%3A%2F%2Fsputnik-tj.com%2F20210909%2Fqabr-masud-barqaror-kobul-mebarand-1042164160.html&sessionId=278a6617768ec6227c55e0c5ef6466cd5e4aee91&theme=light&widgetsVersion=1890d59c%3A1627936082797&width=550pxҚобили зикр аст, ки Толибон* яке аз урфу одатҳои деринаро дағалона поймол карданд — яъне онҳо бо силоҳ вориди оромгоҳ шуданд.AfghanUrdu таъкид мекунад, ки ин муҷассама аз ҷониби ҷангиён ҳангоми ҷанги Панҷшер вайрон карда шудааст. Ҳоло намояндагони ҷунбиш ният доранд барои барқарор кардан сангро ба Кобул баранд.

Ёдовар мешавем, ки Панҷшер ягона вилояти Афғонистон боқӣ монда, ки ба қисмантаҳти назорати Толибон* аст. Дар ин ҷо нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии бо раҳбарии Аҳмад Масъуди ҷамъ шудаанд.Қабри Аҳмадшоҳ Масъудро Толибон* хароб кардаанд — аксҲангоми ҷанг бо Толибон* артиш маҷбур шуд ба кӯҳҳо ақибнишинӣ кунад. Аммо пештар маълум шуд, ки Ҷабҳаи муқовимати миллӣ аз 60 то 65 дарсади Панҷшерро назорат мекунад.* — ташкилоти террористӣ дар Русия ва Тоҷикистон мамнӯъ аст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button