АфғонистонХабарҳои кӯтоҳ

Эрдуғон мавқеъи Раҳмонро дар баробари Афғонистон дастгирӣ кард

Туркия ҳам мехоҳад, ки ҳукумати Афғонистон фарогир бошадДУШАНБЕ, 9 сен – Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо кишвардори Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон телефонӣ суҳбат кард, хабар медиҳад хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон.Гуфта мешавад, ки дар рафти суҳбат кишвардори Туркия Президент ва мардуми Тоҷикистонро ба муносибати – 30-солагии истиқлолият табрик гуфт.Дар ин суҳбат масъалаҳои муҳими вобаста ба густариши минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунҷанба миёни Тоҷикистон ва Туркия, аз ҷумла дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангию башарӣ, таъмини амният ва муборизаи муштарак бо таҳдиду ҷолишҳои ҷаҳонӣ баррасӣ шудааст.

Сиёсатмадорон ба равандҳои изтиробангези рушди авзоъ дар Афғонистон таваҷҷуҳи хос зоҳир намудаанд.»Президентҳо ҳамсон ё наздик будани мавқеи Тоҷикистон ва Туркияро нисбати масъалаҳои мубрами он таъкид карда, дар кишвар таъсис додани як ҳукумати фарогирро бо ширкати намояндагони ҳамаи қавмҳои сокини он амри зарурӣ донистаанд ва ба зарурати расонидани кумаки гуманитарӣ ба мардуми Афғонистон ишора кардаанд», — омадааст дар хабарнома.Ҳамчунин, президентҳо дигар масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавиро муҳокима кардаанд.Кишвардорон ба мувофиқа расиданд, ки Президенти Туркия ба қадри ба эътидол омадани вазъи вобаста ба ҳамагирии КОВИД-19 дар аввалин фурсати муносиб бо сафари расмӣ ба ба Тоҷикистон меояд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button