СиёсатХабарҳои кӯтоҳЧеҳраҳо

Даҳшатафкании маҷозии М.Садриддини наҳзатӣ

Даҳшатафкании маҷозии М.Садриддини наҳзатӣ

Аз рӯзе, ки дасти наҳзатиёни ифротӣ аз сари мардуми мо, тавассути ҳукумати қавӣ ва мардумсолор, бардошта шуд, онҳо ба фазои маҷозӣ гузашта, даҳшатафканиро он ҷо шурӯъ карданд. Барои амалӣ сохтани ин ҳадафи худ чандин сомонаҳои интернетӣ кушода, ҳамарӯза бо дурӯғу туҳмати зиёд, нисбати равшанфикрону давлатмардони тоҷик ба зеҳни хорнандаи худ даҳшат ворид мекунанд. На даҳшати воқеӣ, балки даҳшати сохта ва равонӣ. Яъне мисли ҳамон фолбинони қаллобу таҷрибадида кӯшиш мекунанд дар зеҳни муштарии худ даҳшат ворид карда, аз пулу моли онҳо суистифода кунанд.

Яке аз муздурон ва иҷрокунандагони барномаи зиддимардумии наҳзатӣ, ки дар боло зикр шуд, қаллоби касбие бо номи Муҳаммадиқболи Садриддин мебошад. Ин номарди бешараф шарафу мардонагии худро ҳанӯз дар кӯдаки бо гуноҳи падару наҳзатиёни атрофи вай аз даст дода будааст. Ҳоло дар саҳифаҳои сомонаи ифротии худ “ислоҳ.нет” бо камоли беинсофиву бешарафӣ матолиби ваҳшатзо паҳн карда истодааст. Аз он тарафи дунё истода, як рӯз аз кадом як “фоҷеаи ҷумҳуриявӣ” менависад, рӯзи дигар дар миқёси кадом як ноҳия фоҷеаро меёбад, ки худи истиқоматкунандагони он ноҳия тамоман надидаанд ва намебинанд. Медонад, ки истиқоматкунандагони ин ноҳияҳо дурӯғҳои вайро мебинанд ва ба рӯяш механданд, аммо аз сабаби бешарафӣ боз ҳам ҳамон дурӯғбофиву даҳшатбофии худро идома дода истодааст.

Яке аз усулҳои хандадоре, ки Муҳаммадиқболи Садриддин, ҳангоми навиштани хобу хаёли дурӯғини худ, ба кор мебарад, ин ба истилоҳ гӯё “муроҷиати шаҳрвандони Тоҷикистон” ба мудири сомонаи “ислоҳ.нет” яъне худи вай, мебошад. Гоҳ гоҳ хобу хаёли худро аз номи кадом сокини кишвари мо ва ё гуруҳи шаҳрвандони мо навишта, бешармона иддао мекунанд, ки барои ҳалли мушкилоти худ шаҳрвандон ба вай муроҷиат кардаанд. Кӣ метавонад ба чунин сафсата бовар кунад? Як қаллоби гузаро, ки обурӯву мардонагияшро дар миёни мардуми худ пурра аз даст додааст, ки тавр метавонад мушкилкушои мардум бошад? Чунин қаллоби касбӣ танҳо метавонад мушкилзо бошад ва мардумро фиреб дода хонасалот созад. Ҳама инро медонад ва боварӣ дорем, ки касе ба вай муроҷиат намекунад.

Аз сӯи дигар як муҳоҷири бехонаву дар ва муҳтоҷи чанд тангаи андозсупорандагони Фаронса, ки ҳатто чанд километр роҳи одиро тай кардаву дар ҷанозаи падараш иштирок карда наметавонистагӣ, чӣ тавр метавонад ба мардуми ба мушкил дучоршуда кумак кунад? Аслан наметавонад ва мардум ҳам то он дараҷа нодон нест, ки ҳангоми сар задани кадом як мушкил ба вай муроҷиат кунад. Илова бар ин 99.99 дарсади мардуми Тоҷикистон ин қаллобро аслан намешиносанд ва шинохтанӣ ҳам нестанд. Ин ба он маъност, ки ин ҳиссаи аҳолии кишвари мо ҳаргиз ба ин қаллоб муроҷиат накардаанд ва карда ҳам наметавонанд.

Хулоса, даҳшатафкании наҳзатиҳо дар шакли дигар то ҳол идома дорад, вале хушбахтона таъсири он хеле ночиз аст. Мо мардуми Тоҷикистон аз ҳукумати интихобкардаи худ миннатдор ҳастем, ки ин гуруҳи хунхуру даҳшатзоро дар дохили кишвар пароканда кард. Ин ҷо пеш аз ҳама худи аъзои собиқи ин гуруҳ фоида дидаанд. Чунки тибқи наҳшаҳои хоҷагони хориҷии саркардагони ин гуруҳ дер ё зуд бояд аъзоҳои қатории онҳо қурбонӣ мешуданд. Ҳукумати мо тавонист ин фоҷеаро барои ҳамеша аз сари онҳо дур созад.

Хуршеди Мурод

муҳаққиқ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button