АфғонистонМинтақа ва ҶаҳонХабарҳои кӯтоҳ

Панҷшер: хеши маршал Фаҳим толибон, толибон хешони ӯро ба қатл расонданд

Як ҷавони панҷшерӣ ба гуруҳе аз ҷангиёни толиб ҳамла бурда, 15 нафари онҳоро ба ҳалокат расондДУШАНБЕ, 8 сен – Sputnik. Ин ҷавон аз қавмҳои маршал Қасим Фаҳим, собиқ вазири дифоъ ва аввалин маршали Афғонистон гуфта мешавад, аммо писари ӯ – Адиб Фаҳим ин ҳодисаро ғайримустақим маҳкум кард.Манбаъи Sputnik Тоҷикистон аз Панҷшер дар тафсили ин ҳодиса гуфт, як ҷавони тақрибан 17 – солаи сокини Умарз, деҳае дар Панҷшер, зодгоҳи маршал Қасим Фаҳим, дар сари роҳи қиршудаи дара ба гуруҳе аз ҷангиёни толиб як ҳамлаи ногаҳонӣ карда, тақрибан 15 нафари онҳоро ба ҳалокат расондааст.“Шоҳидони ҳодиса мегӯянд, ки ин ҷавон бо нидои “Аллоҳу акбар” онҳоро ғофилгир намуда, бо автомати “Калашников” ба рагбор баст ва ба куҳҳо фирор кард. Пас аз ин ҳодиса гуруҳе аз “Толибон” ба ин деҳа омада, 8 тан аз ҳамдеҳагони ӯро, ки аз хешовандони маршал Фаҳим буданд, ба шаҳодат расонд”, — гуфт ин манбаъ.Ин ҳодиса ҳам замоне сурат гирифтааст, ки “Толибон*” дар соҳоти Бодкӯл ва Шобаи ин минтақа бо нерӯҳои муқовимат даргир буданд ва ҷанги шадиде дар ҷараён буд.“Толибон* мутаваҷҷеҳ нашуданд, ки аз қафо мавриди ҳамла қарор мегиранд. 8 ҷасади онҳо ба масҷиди Париён интиқол ёфт, бақияро куҷо бурданд, маълум нест. Ба гуфти бархе аз мардуми маҳал, ин афрод покистонӣ буда, ба Кобул интиқол ёфтаанд”, — гуфт манбаъ.Дар ҳамин ҳол, Адиб Фаҳим, писари маршал Фаҳим, ки ҳоло ба “Толибон*” пайваста ва дар Кобул зиндагӣ мекунад, бо паёме ин ҳодисаро маҳкум карда, гуфтааст, дар ду рӯзи гузашта дар Панҷшер теъдоди бешуморе аз афроди мулкӣ ба шаҳодат расиданд.

Теъдоде аз бародарон санги душманиро гузошта ва ҷангро шуълавар сохтанд, рӯзҳост берун аз кишвар ташриф доранд, вале ҳанӯз ҳам мардумро ба ҷанг ва қиём ташвиқ мекунанд. Оё бас нест? То чӣ замоне мардум қурбонии шумо шаванд? Фаромӯш накунед, ки масъулияти шумо дар қиболи ҳолати пешомада камтар аз дигарон нест”, — гуфтааст Адиб Фаҳим.Ин пости вай аз Фейсбук ба зудӣ ҳазф шуд, аммо манзури ӯ Аҳмади Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, буда метавонад, ки дирӯз мардуми кишварашро ба як қиёми умумимиллӣ даъват кард.Адиб Фаҳим, вориси асосии хонаводаи Қасим Фаҳим, собиқ вазири дифоъи Афғонистон, аст, ки пас аз суқути Кобул дар шаҳр монд ва бо “Толибон” тамоси мустақим ба роҳ монд.

Қасим Фаҳим, аввалин маршали Афғонистон аст, ки ин мақомро ба шарофати пирӯзии муқовимати аввал камоӣ карда буд.Вай пас аз марги Аҳмадшоҳи Масъуд дар 9 сентябри соли 2001 раҳбарии Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистонро ба зимма гирифт ва бо кӯмаки нерӯҳои хориҷӣ “Толибон” – ро шикаст дода буд.Дар ҳукумати интиқолие, ки соли 2001 дар Бон таъсис ёфт, ӯ вазири дифоъ таъйин шуд. Як замон муовини аввали раисҷумҳур Ҳомид Карзай (2009 – 2014) низ буд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button