Коронавирус

Кам мешавад: эълони омори нави сироят ва шифо аз COVID — 19 дар Тоҷикистон

ДУШАНБЕ, 5 сент – Sputnik. Дар Тоҷикистон 23 ҳолати нави сирояти нави коронавирус ба қайд гирифта шуд, ки ин нисбат ба рӯзи пешин 4 камтар аст, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ.

Аз оғози ҳамагирии вируси корона дар Тоҷикистон, 16 963 нафар ба коронавирус гирифтор шудаанд.

Ҳамчунин қайд карда мешавад, ки дар як рӯзи охир 53 бемор шифо ёфта, ҳамин тавр то ҳол дар кишвар 16829 нафар ин вирусро ба хубӣ пушти сар кардаанд.

Шабонарӯзи гузашта ягон ҳолати марг аз коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Дар маҷмӯъ, 124 бемор аз ин вирус фавтидаанд.

Коронавирус дар Тоҷикистон: омори моҳи август

Қобили зикр аст, ки аз моҳи август то кунун дар Тоҷикистон коҳиши шумораи ҳолатҳои нави ин беморӣ мушоҳида мешавад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button