АфғонистонХабарҳоҶомеа

Фаҳими Даштӣ ва ҷияни Аҳмадшоҳи Масъудро кӣ кушт: “Толибон” ё бесарнишинҳои Покистон?

Фаҳими Даштӣ хоҳарзодаи Абдуллоҳ Абдуллоҳ, сиёсатмадори маъруфи Афғонистон аст, ки ду бор дар интихоботҳои раёсатиҷумҳурии Афғонистон номзад ва то омадани “Толибон” ба Кобул раиси Шӯрои мусолиҳаи миллии Афғонистон буд.Даштӣ ҳеҷ гоҳ ба ин хешованди маъруфаш наздик нашуд. Аз ӯ ҳатто дар суҳбатҳояш зикр намекард. Абдуллоҳ барояш, ҳадди ақал дар маърази ом, аслан вуҷуд надошт. Ин ки дар доираи хонавода чӣ робитае доштанд, суоле набуд, ки аз ӯ мешуд пурсид. Зоҳиран, зикри номи Абдуллоҳ барояш озордиҳанда буд.Муҳаммад Фаҳими Даштӣ моҳи январи соли 1973, ба қавли худаш, “дар як зимистони пур аз барфу сард” дар хонаводаи генерал Қосим, як равшанфикр ва мутахассиси роҳсозӣ дар қарияи Даштаки вилояти Панҷшер дида ба ҷаҳон кушод. Мактабро дар лисаи “Истиқлол” – и Кобул хатм карда, дар соли 1990 ба факултаи ҳуқуқ ва улуми сиёсии Донишгоҳи Кобул дохил шуд.

Фармони Раббонӣ

Соли 1992 дар Кобул ҳукумати Бурҳониддини Раббонӣ ба қудрат расид. Аҳмадшоҳи Масъуд, Қаҳрамони миллии Афғонистон, як нашрияеро ба номи “Ҳафтаномаи Кобул” бунёд гузошт ва Раззоқи Маъмун, рӯзноманигори маъруфро сармуҳаррири он таъйин кард. Даштӣ ба унвони хабарнигор дар ин ҳафтанома фаъолияти рӯзноманигориашро шуруъ намуд.“Зимистони соли 1995 ҳафтаномаи “Кобул” нашри гузоришҳое дар бораи фаъолиятҳои ғайриқонунии сафири вақти Афғонистон дар Деҳлии ҷадидро ба роҳ монд. Ман яке аз нависандагони ин гузоришҳо будам. Аммо ин гузоришҳо ба Бурҳонуддин Раббонӣ, раисҷумҳури вақт, хуш наомаданд ва ӯ фармон дод, ҳафтаномаро банданд”, — ба ёд меовард Даштӣ.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button