Ҷомеа

«Бомдод.ком»-сомонаи ноком

«Бомдод.ком»-сомонаи нокомДар шароити кунунӣ иттилоот дар ҳаёти ҷомеа нақши калидӣ дошта, он бо ҳадафҳои гуногун истифода мешавад. Рушди технологии иттилоотӣ ва фарогирии шабакаҳои иҷтимоӣ аҳамияти ин гуфтаро возеҳ намудааст. Махсусан, барои иддае аз гурӯҳу ҳаракатҳои иртиҷоӣ шабакаҳои иттилоотӣ воситаи қулайи паҳнкуниву таблиғиҳадафу нақшаҳояшон гардидааст. Ба тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ иттилооти ба манфиати худ равонашударо бо обу ранг ва албатта пӯшиш мечархонанд.Сомонаи «Ахбор ком», ки давоми чанд соли охир ба паҳн кардани чунин ахбори носаҳеҳ, дурӯғу бофтаҳои хоҷагону дастандаркоронаш машғул буд, ниҳоят баста шуд. Аслан, сабаби баста шудани сомонаи иғвонгези Ахборком баҳама маълум аст. Он дар пешорӯи маъракаҳои муҳимми сиёсии Тоҷикистон ҳадаф ва нақшаҳои муайян дошт. Ҳадафи сомона баҳам задани вазъ, бо дурӯғпарокунӣ раҳгум занонидани мардум ва ба ин васила расидан ба мақсадҳои умумӣ буд. Мақсадҳои умумӣ гуфта, ҳадафҳои душманони миллат саркардаи наҳзату пайравонашро дар назар дорем, ки сомонаи Мирзои Салимпур низ як шохаи онро ташкил медод. Чун ба ин мақсад нарасиданд, маъракаҳои сиёсии кишвар дар фазои ором ваҳамдигарфаҳмӣ гузашт, “тарбуз аз бағалашон афтод”. Ва маҷбур гардиданд, ки сомонаро банданд. Аз ҷониби дигар сомонаи мазкур миссияи худро ба поён расонд ва хушбахтона номуваффақона.Вақте думравон, яъне дурӯғбофони Кабирӣ бекор монданд, дастандаркорон дарҳол лоиҳаи наверо манзури хоҷагони худ карда, маблағи кофӣ ба даст оварданд. Акнун тарҳи нави хоинон «Бомдодком» ном дорад ва вазифаи «Ахбор.kом»-и пешинро бо шеваи дигар ба ҷо меорад.Ҳоло Мирзо Салимпур дар сомонаи худ афкори сомонаи пешинаи худро нашр ва таблиғ намуда истодааст. Ба мисли ин инсонҳое дар ҳар давру замон буданд, ҳастанд ва мутаассифона, хоҳанд буд. Ҳадафи асосии ин гуна сомонаҳои ифротӣ танқиди доимии фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикстон ва гумроҳ намудани мардуми осоиштаи ин кишвари биҳиштосо аст. Барои расидан ба аҳдофи худ Мирзои Салимпур мунтазам нашри маводи характери террористидоштаро дар сомонаи худ ҷой медиҳад ва гумон мекунад, ки мардум ӯро дастгирӣ мекунанд ва чун фидокор эътироф хоҳанд намуд. Аммо, аслан чунин нест, зеро имрӯз кулли мардуми бонангу номуси кишвар хуб дарк мекунанд, ки фикру амали ин тоифаи одамон тафовути калон доранд.Дар айни замон кулли шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон воқифанд, ки мақсад ва ҳадафҳои имрӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон созанда буда, тамоми ҷидду ҷаҳди он баҳри таъмини сулҳу суботи ҷомеа ва рушди устувори иқтисодиёти кишвар равона карда шудааст. Аммо, мутаассифона, баъзе аз ашхосе, ки дар хориҷа зиндагӣ мекунанд, мехоҳанд вазъиятро ноором гардонанд ва ба ин васила баҳадафҳои ғаразноки худ бирасанд. Онҳо манфиатҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро тамоман ба инобат намегиранд ва фикр доранд, ки гӯё онҳоро мардум дастгирӣ менамоянд. Вале, онҳо иштибоҳи калон мекунанд, зеро ки мардуми шариф ва соҳибфарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаргиз онҳоро дастгирӣ нахоҳанд кард ва пешрафту обод намудани сарзамини аҷдодиро ҳадафи асосии худқарор хоҳанд дод…Бовар дорем, ки рӯзе сомонаи мазкур низ номувафақона аз фазои иттилоотӣ гум мешавад. Зеро дар ҷомеаи мо эҳтиёҷ ба чунин сомонаҳои иғвобарангез вуҷуд надорад. Инро наҳзатиҳои террорист низ хуб дарк мекунанд. Вале барои онҳо муҳим муваффақ шудан нест, балки ба даст овардани грантҳои хоҷагони хориҷиашон аст. Тоифае, ки барои пул ва манфиати молӣ бар зидди милату давлаташ гом мезанад, ҳеҷ гоҳ муваффақ намешавад. Чункӣ мардум сафедро аз сиёҳ фарқ карда, баравандҳои ҷомеа баҳои воқеӣ дода метавонанд.Шералӣ Набиевмуҳаққиқ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button