АфғонистонМинтақа ва Ҷаҳон

ФАВРӢ! ТОЛИБОН: ГУФТУГӮ БО ҶАБҲАИ ПАНҶШЕР НАТИҶА НАДОД, ҲОЛО БО ҶАНГ МЕГИРЕМ

“ТулӯъНюс” дар саҳифааш дар Фейсбук ба таври хеле кӯтоҳ ва бе
овардани ягон ҷузъиёт хабар дод, ки ҳаракати Толибон гуфтааст,
“гуфтугӯ бо ҷабҳаи Панҷшер натиҷа надод, ҳоло бо ҷанг мегирем.”

Ин баёния дар ҳолест, ки намояндагони Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар
Панҷшер рӯзи 31 август аз рафъи се кӯшиши ҳамла ба ин охирин
вилояти хориҷ аз назорати Толибон хабар доданд.
“ТулӯъНюс” рӯзи 1 сентябр хабар дод, ки ҷанг байни нирӯҳои Толибон
ва ҷабҳаи муқовимат дар чанд минтақа, аз ҷумла дар Андароб, Ҳовок,
Шутул, Гулбаҳор ва Ҷабулсироҷ ҷараён дорад.

Намояндагони Ҷабҳаи муқовимат рӯзи 31 август гуфта буданд, ки
ҷангиёни Толибон асосан аз тариқи ағбаи Ҳовок мехостанд хатти дифои
ҷабҳаи Панҷшерро рахна кунанд, вале ноком шуданд.
Ҳаракати Толибон дар аввали моҳи август, дар пайи хуруҷи нирӯҳои
эътилофи таҳти роҳбарии Амрико дар байни ҳамагӣ 10 рӯз ҳамаи
шаҳрҳои бузург ва 33 вилояти Афғонистонро тасарруф карда, рӯзи 15
август пойтахт, шаҳри Кобулро низ ба даст овард.
Вилояти Панҷшер, зодгоҳи Аҳмадшоҳи Масъуд ва чанд вулусволии
вилоятҳои ҳамсояи он дар ҳоли ҳозир танҳо минтақаҳоест, ки берун аз
назорати Толибон боқӣ мемонанд. Дар Панҷшер таҳти роҳбарии
Аҳмади Масъуд, фарзанди Аҳмадшоҳи Масъуд Ҷабҳаи муқовимати
миллӣ созмон дода шудааст, ки мегӯяд, султаи Толибонро қабул
надорад.
Толибон то кунун мегуфт, ки қасди бо ҷанг гирифтани Панҷшерро
надорад ва мехоҳад, ки ин масъала бо роҳҳои сулҳомез, аз тариқи
музокироту гуфтугӯ ҳал шавад

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button