КоррупсияНомаҳо ба президентХабарҳои кӯтоҳ

ИЛТИҶОИ МАРДУМИ БЕЧОРА АЗ МАҚОМОТ: БАДНАФСҲОИ ГУЗАРГОҲИ ПАТАРРО КАЙ ҲАБС МЕКУНЕД, КИ ҶОНИ МО БИДАМАД?

Чанд гуруҳи сокинони вилояти Суғди Тоҷикистон, ки аз тариқи шаҳри
Фарғонаи Ӯзбекистон ба Русия сафар кардаанд, ба идораи “Бомдод”
шикоят карданд, ки дар гузаргоҳи Патар дар марзи Конибодом бо
Ӯзбекистон, кормандони ҷониби Тоҷиктстон аз ҳар кадоми онҳо ба
андозаи аз 600 то 1000 сомонӣ “ҳақ” меситонанд ва касе “ҳақ” надиҳад,
иҷозати гузаштан намедиҳанд.
Ин дар ҳолест, ки маҳз дар пайи чунин шикоятҳо мақомоти Агентии
мубориза бо коррупсия рӯзи 12 август се афсари қӯшунҳои марзбонӣ
дар гузаргоҳи Пахтаобод дар марзи Турсунзодаро ҳангоми гирифтани
“ҳақ” аз мусофирони раҳакии Русия дастгир карданд ва дар аввали моҳи
август сардори гузаргоҳи Ойбек Фотеҳободро бо муовинонаш аз мақом
барканор карданд.

Вале ҳатто ин милаи кормандони гузаргоҳи Патарро натарсондааст.
Баракс! Ба гуфтаи ҳамсуҳбатони “Бомдоди”, онҳо боз густохона ба онҳое,
ки аз пул додан саркашӣ мекунанд, “пешниҳод” ҳам мекардаанд, ки
“агар бепул гузаштан хоҳед, марҳамат, аз Ойбек гузаред. Онҷо то чанд
вақти дигар метарсанд, аз шумо пул бигиранд.”
Масъалаи аз муҳоҷирони сафаракии Русия пул кандани сарҳадбонҳо ва
кормандони гумрук дар гузаргоҳҳо дар марз бо Ӯзбекистонро аввалин
шуда, “Бомдоди” бардошт.
Ин кор аз аввали тобистон идома дорад.
Гап сари он аст, ки вақте Русия марзҳояшро ба рӯи муҳоҷирон кушод ва
сели мардум худро ба авиакассаҳо зад, то чиптаи сафар бихарад, нархи
чиптаҳоро ба осмон бароварданд. Як муддат нархи парвоз фақат ба як
тараф аз Тоҷикистон ба Русия аз 1000 доллар гузашта буд. Ҳоло мегӯянд,
ки нархҳо аз 500 доллар сар мешаванд, вале ҳатто ин маблағ ҳам барои
муҳоҷироне, ки барои як қути лоямут ба мардикорӣ мераванд,
миёншикан аст. Ба ин далел, ҳазорон нафар аз сокинони Тоҷикистон
кӯшиш мекунанд, ки аз тариқи фурудгоҳҳои Ӯзбекистон ба Русия
бираванд.
Ширкати ҳавопаймоии Ӯзбекистон ба хотири ҷалби муштарии бештар
аз 30 август нархи парвозҳояш то Русия то ба ҳадди 140 доллар пойин
овард, ки аз арзонтарин нархи парвоз аз фурудгоҳҳои Тоҷикистон боз
ҳам дастикам 3,5 маротиба арзонтар аст.
Вақте кормандони гузаргоҳҳо дар марзи Тоҷикистон бо Ӯзбекистон
фавҷи мусофирони роҳакии Русияро диданд, ба худ фикр карданд, ки
бояд инҳоро “ҳақ” (“доля”) баст.

Дар натиҷа, дар аксари гузаргоҳҳо (Ойбек, Патар, Пахтаобод, Саразм)
шаҳрвандонеро, ки ба тарафи Ӯзбекистон гузаштанианд, аз рӯи сумкаву
ҷомадони дасташ ва чизҳое, ки бо худ гирифтааст, ба зоҳир муайян
мекунанд, ки Русия рафта истодааст.
Чунин нафаронро як тараф ҷудо мекунанд ва миёнаравҳо баъди чанде
ба назди онҳо омада, пешниҳод мекунанд, ки агар 500 ё 600 сомонӣ
диҳанд, мушкилашон зуд ҳал мешавад. Онҳоеро,ки розӣ мешаванд ва
“доля” месупоранд, баъди чанде номашро гирифта, фарёд мекунанд ва
аз марз мегузаронанд. Касе пул надод, намегузарад.
Даҳҳо нафар аз ин доляканиҳо дар марз шикоят мекарданд ва ин
доляро ҳатто бо киноя “андози хуруҷ аз биҳишт” ном кардаанд.
Рӯзи 4 август даҳҳо нафар аз мардуми норозӣ ҳатто дар назди бинои
шаҳрдории Панҷакент алайҳи ин пулканиҳо дар гузаргоҳи Саразм
эътироз ҳам карданд.
Дар пайи шикоятҳои фаровони мардум рӯзи 12 август кормандони
Агентии мубориза бо коррупсия билохира се афсари Қӯшунҳои
марзбониро дар гузаргоҳи Пахтаообод дар марзи Тоҷикистон бо
Ӯзбекистон бо далелҳои шайъӣ ҳангоми аз мусофирони сафаракии
Русия гирифтани “доля” дастгир карданд. Ба мақомот муяссар шуд, ки
сардори баст (смена) ва ҳарду муовинашро, ки он рӯз навбатдорӣ
мекарданд, дастгир кунанд. Пулҳое, ки онҳо ба сифати “доля” ҷамъ
мекарданд, ҳамчун далели шайъӣ мусодира карда шуд.
Нисбат ба ин 3 нафар бар асоси қисми сеюми моддаи 319 Кодекси
ҷиноятии Тоҷикистон бо иттиҳоми гирифтани пора парвандаи ҷиноятӣ
кушодаанд. Ба онҳо акнун бар асоси ин банди қонун аз 5 то 10 соли
зиндон таҳдид мекунад.
Ҳамчунин дар аввали моҳи август, сардори гузаргоҳи марзии Фотеҳобод
(Ойбек) дар марзи Тоҷикистон бо Ӯзбекистон Олим Сатторовро
ҳамроҳи ҳарду муовинаш аз мақом барканор карда,
ба ҷои ӯ подполковник Боймурод Абдулҳамидов, сардори ҳамакнун
собиқи гузаргоҳи Гулистон дар марзи Исфара бо Қирғизистонро таъйин
карданд.

ИЛТИҶОИ МАРДУМИ БЕЧОРА АЗ МАҚОМОТ: БАДНАФСҲОИ ГУЗАРГОҲИ ПАТАРРО КАЙ ҲАБС МЕКУНЕД, КИ ҶОНИ МО …
Аммо вазъе, ки ҳоло дар гузаргоҳи Патар дар марзи Конибодом бо
вилояти Фарғона ба вуҷуд омадааст, баёнгари он аст, ки ҳатто боздошту
барканории ҳамкоронашон дар гузаргоҳҳои дигар барои онҳое, ки дар
Патар кор мекунанд, ягон сабақ нашудааст ва онҳо то даме, ки наоянду
онҳоро надоранд ва ба кунҷи зиндон наандозанд, ҳамчунон густохона
аз мардуми бечора “доля” тамаъ хоҳанд кард. Айнан мисли доруғаҳои
амири Бухоро…

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button