КоррупсияХабарҳои кӯтоҳ

АГЕНТИИ МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯ МУҲОСИБ ТЕМУР МУЛЛОЕВРО ҶУСТУҶӮ МЕКУНАД

Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 30 август хабар дод,
ки Муллоев Темур Тоҷиддинович, муҳосиби музди меҳнати Раёсати
хоҷагии манзилию коммуналӣ ва сохтмонии шаҳри Ваҳдатро бо
иттиҳоми аз они худ кардани беш аз 60 ҳазор сомонӣ пули ин корхона
таҳти кофтукови расмӣ қарор додааст.
Бино ба гузориши маркази матбуоти Агентӣ, “Муллоев Темур
Тоҷиддинович дар вазифаи муҳосиби музди меҳнати Раёсати хоҷагии
манзилию коммуналӣ ва сохтмонии шаҳри Ваҳдат кор карда, дар
давраи фаъолияти кориаш бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ,
маблағи умумии 60830,26 сомониро бо роҳи азонихудкунӣ тасарруф
карда, дар эҳтиёҷоти шахсиаш сарф намудаст.”

Бинобар сабаби он, ки Муллоев Т.Т. аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва
тафтишоти пешакӣ пинҳон шуда, ҷои буду бошаш муайян нест, нисбати
ӯ бо иттиҳоми содир намудани ҷинояти дар моддаҳои 245 қисми 3
банди “а” ва 323 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда (аз они худ
кардани маблағҳо ва сохтакории хидматӣ) ғоибона айб эълон карда
шуда, кофтукови ӯ эълон карда шудаст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button