АфғонистонСиёсат

ИНТИҚОДИ ҲИКМАТЁР АЗ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН: ҒАМИ ТОҶИКИСТОНИ ХУДАТОНРО БИХӮРЕД!

Гулбиддин Ҳикматёр, раиси ҳизби исломии Афғонистон, ки роҳбарони
Толибон ӯро имоми намози ҷумъаашон дар Кобул интихоб кардаанд,
рӯзи 27 август дар хутбаи намози ҷумъа аз президенти Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, ки хостори ироаи ҷойгоҳи шоиста ба ақалиятҳои
қавмӣ, бахусус ба тоҷикҳо дар ҳукумати ояндаи Афғонистон шуд, ба
шиддат интиқод кардааст.
Ҳикматёр Эмомалӣ Раҳмонро ба мудохила дар умури Афғонистон
айбдор кард ва аз ҷумла гуфт: “Имрӯз аз Душанбе, пойтахти
Тоҷикистон, мешунавем, ки раиси ҷумҳурияш мегӯяд, дар ҳукумати
оянда ҳаққи ақаллиятҳо, бахусус тоҷикҳо, дар назар гирифта шавад.
Яъне худро ҳамчун мудофеи ҳуқуқи тоҷикҳо мехоҳад намудор кунад.
Ва ба мо мефаҳмонад, ки ҳаққи ақаллиятҳо риоя шавад ва онҳо дар
ҳукумат ҳузури фаъол дошта бошанд.”

Гулбиддин Ҳикматёр, ки қаблан ҳам баёнияҳои паштугароёна ва зидди
забони дарӣ зиёд мезад, аз Эмомалӣ Раҳмон ва дигар роҳбарони
Тоҷикистон хост, ки “ғами тоҷикҳо, тоҷикистониёнро бихӯред.
Мушкилоти онҳоро ҳал кунед. Ҳуқуқи ақаллиятҳоеро, ки дар
Тоҷикистон ҳастанд, риоя кунед. Номи кишвар Тоҷикистон ҳаст, вале
дар онҷо ақаллиятҳо ҳастанд. Пурсида мешавад, ки дар ҳукумати
Шумо чанд узбек ҳаст? Аз ақаллиятҳои дигар чӣ қадар ҳузур доранд?”

Ҳикматёр ҳамчунин аз худи шахси Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуд, ки
ҳамагӣ соле чанд пеш худро аз насби русии Раҳмонов халос кард, вале
бо сиёсаташ метавон ад Тоҷикистонро дигарбора ба мустаъмара, яъне
мустамликаи Русия табдил диҳад. Ҳикматёр дар айни замон аз
мавзеъгирии Русия дар қиболи таҳаввулоти ахири Афғонистон тавсиф
кардааст. Сафири Русия дар Кобул Дмитрий Жирнов ва намояндаи
Путин дар умури Афғонистон Замир Кобулов ба таври ошкор аз
Толибон ҳимоят мекунанд ва сафир Жирнов ҳатто аз ҷангиёни толиб
ситоиш кардааст, ки баъди тасарруф Кобул аз сӯи онҳо вазъ дар
пойтахти Афғонистон гӯё амнтар шуда бошад.
Ёдовар мешавем, раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 25
август дар Қасри Миллат дар мулоқот бо вазири хориҷаи Покистон
Махдум Шоҳмаҳмуд Қурайшӣ сароҳатан изҳор дошт, ки тоҷикони
Афғонистон бояд дар ҳукумати ояндаи он кишвар ҷойгоҳи шоиста
дошта бошанд.
Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ҷониби Тоҷикистон хостори таъсиси як ҳукумати
фарогири инклюзивӣ бо иштироки ҳамаи ақалиятҳои миллӣ ва пеш аз
ҳама тоҷикони Афғонистон, ки беш аз 46 фоизи аҳолии он кишварро
ташкил медиҳанд, дар он кишвари ҳамсоя буда, мехоҳад, ки сохтори
давлатӣ дар Афғонистон бо роҳи раъйпурсӣ ва бо дарназардошти
мавқеи тамоми шаҳрвандони кишвар муайян карда шавад.
“Тоҷикистон ҳеҷ гуна ҳукумати дигарро, ки дар ин кишвар бо роҳи
зулму таъқиб, бе дарназардошти мавқеъи кулли мардуми
Афгонистон, бахусус тамоми ақаллиятҳои миллии он таъсис дода
мешавад, эътироф нахоҳад кард”, – таъкид кард Эмомалӣ Раҳмон.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз Толибон интиқод кард, ки ба сари қудрат
омаданашон дар Кобул раванди геосиёсии минтақаро дар марҳилаи
кунунӣ боз ҳам печида кардааст.
“Далелҳо возеҳан нишон медиҳанд, ки Толибон аз ваъдаҳои қаблии
худ ҷиҳати ташкил додани ҳукумати муваққатии интиқолӣ бо
иштироки васеи дигар нерӯҳои сиёсии кишвар даст кашида, ба
бунёди аморати исломӣ омодагӣ мебинанд. Тоҷикистон ҳама гуна
намуди беқонунӣ, зуҳуроти куштор, ғоратгарӣ ва таъқибу зулмро
алайҳи мардуми Афгонистон, махсусан тоҷикон, узбекон ва дигар

ақаллиятҳои миллӣ қатъиян маҳкум менамояд”, – таъкид кард
Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо Қурайшӣ.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button