Нуқтаи назарСиёсат

ГАПИ ШУМОРО БА ЯК ПУЛИ ПУЧАК НАМЕГИРАМ! ҲИМОЯТИ ДУБОРАИ МУДИРИ РАДИОИ ОЗОДӢ АЗ МУҚОИСАИ ҲУКУМАТИ ТОҶИКИСТОН БО ТОЛИБОН

Салим Аюбзод, мудири бахши тоҷикии радиои Озодӣ, рӯзи 27 август
дар саҳифааш дар Фейсбук дигарбора аз пурсиши ахири ин радио, ки
ҳукумати кунунии Тоҷикистонро бо ҳаракати Толибон муқоиса
мекард, пуштибонӣ кардааст. Ин пурсиш вокунишҳои тундеро ба бор
овард ва бисёриҳо Радиои Озодиро ба муқоисаи ноҷо ва поймол
кардани меъёрҳои журналистика ва пой гузоштан ба рӯии меъёрҳои
ахлоқи касбӣ ва инсонӣ айбдор карданд. Салим Аюбзод дар посух ба
мунтақидон навишт, ки “баъзеро даҳону макъад якест.” Дар шарҳи
наваш лаҳни мудири бахши тоҷикии радиои Озодӣ чунин тунд нест,
вале ӯ боз ҳам пойфишорӣ кардааст, ки пурсиши анҷомдодаашро
дуруст мешуморад. Вале дар посухи чун ҳамеша тӯлониву
графомании ӯ ин дафъа ҳам кадом далели ҷиддие, ки аз ҷиҳати касбӣ
муқоисаи ҳукумати Тоҷикистон бо Толибонро исбот кунад, ба назар
намерасад. Ба ҷуз аз идомаи ҳамлаҳои лафзӣ ба мунтақидон ба ин

ГАПИ ШУМОРО БА ЯК ПУЛИ ПУЧАК НАМЕГИРАМ! ҲИМОЯТИ ДУБОРАИ МУДИРИ РАДИОИ ОЗОДӢ АЗ МУҚОИСАИ ҲУКУ…
https://www.bomdod.com/2021/08/27/gapi-shumoro-ba-jak-puli-puchak-namegiram-himojati-duborai-mudiri-radioi-ozodi-az-muqoisai-hukumati-toji… 2/5
мазмун ки: “…шумо танҳо ба ситоиши болохонадор одат кардаеду ба
таҳқири пур аз қабоҳат. Нигоҳи фарогир ва амиқтар хоси шумо нест.
Дар умри дарози худ (шукраш) шумоҳоро зиёд дидаам. Солҳо ситоиш
мекунеду ба осмони ҳафтум мебароред ва дар як чархиш мамдуҳони
худро ба хоки сиёҳ мезанеду онеро, ки то дирӯз сиёҳ мекардед, ба
осмонҳо мебардоред. Барои ҳамин агар эроди илмӣ доред, эҳтиром
мегузорам, вале бақия барчаспзаниҳои шуморо ба як пули пучак
намегирам.”
Ёдовар мешавем, чанд рӯз пеш дар канали Радиои Озодӣ дар Ютуб
пурсише пайдо шуд, ки баҳси зиёде ба по кард. Ин пурсиш ба чунин
шакл буд:

“Чанд кас навиштаанд, ки Толибон он қадар бад ҳам нестанд ва ҳатто
аз ҳукумати Тоҷикистон беҳтаранд. Шумо чӣ назар доред?

  1. Толибон беҳтаранд
  2. Ҳукумати Тоҷикистон беҳтар аст
  3. Намедонам, кадоме беҳтар аст.”
    ПОСУХИ ТУНДИ МУДИРИ РАДИОИ
    ОЗОДӢ БА ТУФИ МУНТАҚИДОН:
    БАЪЗЕРО ДАҲОНУ МАКЪАД ЯКЕСТ
    Salim Aioubzod
    БИШКАНАД КОСАЕ…

Ҳама арзёбӣ ва баҳодиҳиро ба кори Радиои Озодӣ эҳтиром мекунам ва
аз онҳо баҳравар мешавам, меомӯзам, роҳи ислоҳ меҷӯям. Аслан
дӯстдори нақду эроду баррасии кору натиҷаҳои он ҳастам. Вале ба ҳеч
ваҷҳ талошҳои фишороварӣ ба рӯҳияи худ ва ҳамкоронамро қабул
надорам. Шумо миллион бор нависед, ки Озодӣ тарафдори Толибон аст
ё хидмати гуруҳу неруеро ба ҷо меорад ё мақсадҳои пинҳонӣ дорад ва
нооромию ноамниро мехоҳад, бароям як пули пучак арзиш нахоҳад
дошт. Зеро дурӯғ ва туҳмати маҳз аст.
Назарсанҷие, ки боиси баҳс шудааст, ҳеч гуна мушкили таҳрирӣ
надорад. Он посух ба шарҳҳои зиёди онҳоест, ки ин муқоисаро ба миён
гузоштанд ва шумораи онҳо моро ба ҳайрат овард. Танҳо бахши хеле
ками онҳо нашр шуд, чун аксарият тундравона ва беадабона буданд ва
ҳатто даъват ба ҷанг доштанд. Нашри чунин шарҳҳо манъ аст. Аммо
шумора, ҳатто бо назардошти он ки як қисми шарҳҳо мумкин аз тарафи
як ё чанд нафар навишта шудаанд, воқеан ҳайратовар буд. Чӣ сабабҳо
бояд дар миён бошад, ки тоҷикон ҳукумати кишвари худро аз Толибон
бадтар донанд? Наход чунин шумораи зиёди одамон, ки ба тоҷикӣ
бароямон шарҳ менависанд, чунин ақида дошта бошанд? Ин ҳайрат
сабаб шуд, чунин назарсанҷӣ баргузор гардад. Натиҷаҳои он ҳайрати
моро даҳчанд карданд.
Ман таҳлили ҷомеашиносӣ ё мафкуршиносӣ карданӣ нестам. Ҳадаф низ
ин набуд, балки он буд, ки тамоюли вуҷуддошта бояд намудор карда
шавад. Чаро ин кори расона хашми шуморо овард? Агар пизишк
бароятон гуфт, ки бемор ҳастед, оё табиб гунаҳкор аст? Шакке нест, ки
ҷомеаи мо бемории сахту ваҳшатангез дорад. Бигзор ҳанӯз начандон
бузург аст, вале хатари марговаре дар оянда дорад. Худ дароеду хонед.
Мо инро бармало кардем. Ин фурсате буд, ки беморӣ нишон дода
шавад.
Моро барои савол додан гунаҳкор мекунанд. Ва ҳамзамон сад айби
дигар бар мо мегузоранд. Дарду захмҳои гузаштаашон тоза мешавад.
Ёдам меояд, гузориши ҳамкоронам дар бораи нишастҳои хабарӣ, ки
ҳамкасб аз суоли ҳампешааш эътироз мекунад ва ҷор мезанад, ки
“даҳонатро пӯш!”. Айни ҳамин чиз рух медиад. Ҷанобон, журналист ҳақ
дорад, ҳама гуна суоле, ки мехоҳад ва зарур мешуморад, диҳад. Суол
додан ба маънои тарафдорӣ ё рад нест. Ин озодии баён аст. Мехоҳам
ҳамкоронам озодфикр бошанд, зеҳнашон боз ва андешаашон вусъатдор
бошад

Озодии баён шоху дум надорад. Ё нимаобистану нимаҳомила
намешавад. Он ё ҳаст ё нест. Ё вуҷуд дорад ё не. Ва шарти он баҳси озод
аст. Ҳоло ба ман бигӯед, ки дар натиҷаи ин баҳс кадом фоҷиа сар зад, ки
хоби шаби шуморо ҳаром кард? Магар донистани он ки 5 ҳазор кас аз
10 ҳазор нафар як гурӯҳи хуношоми террористро аз ҳукумати кишвараш
фарқ карда наметавонад ва ниме ҳам аз онҳо ин гурӯҳро болотар аз
давлати худ медонад, бароятон зарар овард?
Албатта, мефаҳмам, ки шумо танҳо ба ситоиши болохонадор одат
кардаеду ба таҳқири пур аз қабоҳат. Нигоҳи фарогир ва амиқтар хоси
шумо нест. Дар умри дарози худ (шукраш) шумоҳоро зиёд дидаам.
Солҳо ситоиш мекунеду ба осмони ҳафтум мебароред ва дар як чархиш
мамдуҳони худро ба хоки сиёҳ мезанеду онеро, ки то дирӯз сиёҳ
мекардед, ба осмонҳо мебардоред. Барои ҳамин агар эроди илмӣ
доред, эҳтиром мегузорам, вале бақия барчаспзаниҳои шуморо ба як
пули пучак намегирам.
Дар бораи мормулаке, ки ду сурохаш якеянд, пеш аз гуфтанаш бисёр
бахшиш пурсида будам ва ҳоло ҳам узр мехоҳам, он ба мавзӯъ
пайванди рӯйрост надорад, балки сабабаш тавҳин ба исми хонаводагӣ
ва номи бобои бузургворам буд, ки таҳаммул карда натавонистам. Номи
хонаводагиям бароям муқаддас аст ва ҳар кас ба он забони касифашро
расонад, ҳамин гуна ва шояд бадтар аз ин посух хоҳад гирифт.
Вале агар баҳси боадабона ва бодалелу илмӣ мехоҳед, ҳамеша дар
хидматам ба шарти он ки вақт дошта бошам. Аз ин шабака дур шудаам,
чун вақт надорам. Мо рӯзона то 40 мавод мунташир мекунем, бигиреду
бубинед, чӣ таҳлилҳое, чӣ тозахабарҳое, чӣ гузоришҳои видеоии ҷолибу
нотакроре! Дар ин як ҳафта танҳо дар мавзуи Афғонистон зиёда аз 200
матлаби ноб пахшу нашр кардем, ҳеч яки онҳоро надидед, як
назарсанҷиро дар пассафҳаи Ютюб шиор кардед. Ин ҳам ихтиёри шумо.
Вале, хоҳиш бе таҳқиру тавҳин. Бе фурсатталабӣ ва кинаҳои хусусӣ.
Ҳамкорони маро азият надиҳед.
Ман ба ҳеч ваҷҳ пеши роҳи андешаи шуморо гирифтанӣ нестам.
Баръакс. Мехоҳам, андешаатонро шунавам, донам. Танқиду эроди худро
бе тавҳину таҳқир бигӯед ва шоистаи баландтарин арҷу эҳтироми банда
хоҳед буд. Тандуруст ва сарбаланд бошед!

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button