ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ДУЗДИИ ҚАРИБ 80 ТОННА АШЁИ ХОМ ВА МИС АЗ КОРХОНАИ ОҲАНГУДОЗӢ (ВИДЕО)

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, ҷавони 23 ва
ноболиғи 17-сола аз ҷамоати Навбаҳори ноҳияи Кӯшониён ба он
гумонбар мешаванд, ки аз моҳи март то августи соли ҷорӣ бо роҳи
пинҳонӣ аз корхонаи ҶДММ “Оҳангудозии Тоҷикистон”, воқеъ дар
деҳаи Қарияи Камари ҷамоати Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ 79 тонна
ашёи хом (оҳанпора) ва 200 кило сими мисро дуздида, ба ин корхона
қариб 1,7 миллион сомонӣ зарар расондаанд. Дар бораи дуздии
молҳои корхона ба ШВКД ноҳияи Рӯдакӣ мудири он хабар додааст.
ҶДММ “Оҳангудозии Тоҷикистон”, корхонаи муштараки Тоҷикистону
Хитой, ки таҳти шиори “Мо аз насли оҳангаронем ва оҳан зери
дастони мо гум мегардад” фаъолият дорад, яке аз бузургтарин
корхонаҳои металлургии Тоҷикистон ба шумор меравад ва солона
қодир аст, то 60 ҳазор тонна симу арматура истеҳсол кунад.

Шаби 25 август, соати 23:00, як сокини сисолаи ҷамоати А.Ҷомии
ноҳияи Зафаробод дар шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чаннок», дар
ҳудуди деҳаи Гулистони ҷамоати Деҳмойи ноҳияи Ҷ.Расулов зери
чархи мошни “Опел” монда, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз навори хабарҳои рӯзи 27 августи маркази матбуоти ВКД
Тоҷикистон
Боздошт гардидани ду нафар бо
гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ, мактуби директори ҶДММ “Оҳангудозии
Тоҷикистон” ворид гардидааст, ки дар давоми рӯзҳои аз 14-уми марти
соли 2021 то 26-уми августи соли 2021, шахсони номаълум бо роҳи
пинҳонӣ аз корхонаи мазкур, воқеъ дар деҳаи Қарияи камари ҷамоати
деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ 79 ҳазор килограмм маҳсулоти
ашёи хом ва 200 килограмм сими “мед”-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб
задаанд. Зарари расонидашуда 1 миллиону 699 ҳазор сомониро ташкил
медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби
кормандони милитсия ҷавони 23 ва ноболиғи 17-солаи сокинони
ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳияи Кӯшониён бо гумони содир
намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ба ҳалокат расидани пиёдагард зери
чархи «Опел-астра»
Рӯзи 25-уми августи соли 2021, тахминан соати 23:00, ронандаи
автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Деҳқонов Азам Абдуллоевич, соли
тавваллудаш 1986, сокини ҷамоати деҳоти Тағояки ноҳияи Спитамен,
ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чаннок», дар деҳаи
Гулистони ҷамоати деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷ.Расулов бехатарии
ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, пиёдагард Муҳаммадиев
Бекзод Юсуфалиевич, соли таваллудаш 1991, сокини ҷамоати деҳоти
А.Ҷомии ноҳияи Зафарободро пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагард Муҳаммадиев Б.Ю. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ
бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button