МУҲОҶИРОН

НАРХИ ПАРВОЗ АЗ ТОҶИКИСТОН БА РУСИЯ АРЗОН ШУДА ИСТОДААСТ

Ситоди фаврии ҳукумати Русия оид ба пешгирӣ аз вуруд ва паҳншавии
коронавирус қарор қабул кард, ки аз 27 август шумораи парвозҳои
мунтазамро бо чанд кишвар, аз ҷумла бо Тоҷикистон дар заминаи
дутарафа афзоиш диҳад:
– ба Тоҷикистон (бо хатсайри Маскав – Душанбе шумораи парвозҳот
аз 2 парвоз то 7 парвоз дар ҳафта афзоиш дода шуда, аз он
фурудгоҳҳои Русия, ки парвозҳои байналмилалиашонро барқарор
кардаанд, ба шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Кӯлоб дар ҳар хатсайр ба
як парвоз дар ҳафта иҷозат дода шавад)

Азбаски то имрӯз алакай фурудгоҳҳои аксари шаҳрҳои бузурги Русия
ҳаққи анҷоми парвозҳои байналмилалиашонро барқарор кардаанд (яке
аз охиринҳо фурудгоҳи Сургут буд, ки аз 27 август ин ҳақро ба даст
овард), қарори ахири ситоди фаврии ҳукумати Русия ба маъноест, ки аз
27 август шумораи парвозҳои мунтазам аз Душанбею Кӯлоб ва Хуҷанд
ба шаҳрҳои гуногуни Русия ва аз шаҳрҳои Русия ба ин се фурудгоҳи
Тоҷикистон ба даҳҳо парвоз дар ҳафта хоҳад расид. Азбаски парвозҳо
дар заминаи баробарӣ (паритет) байни “Сомон Эйр”, ягона ширкати
ҳавопаймоии фаъоли Тоҷикистон ва ширкатҳои Русия тақсим карда
мешаванд, шумораи ниҳоии парвозҳо дигар ба имконоти “Сомон Эйр”
бастагӣ хоҳад дошт, ки дар як ҳафта чанд парвоз метавонад анҷом
диҳад?
Русия аз 1 апрел ба парвозҳо бо Тоҷикистон иҷозат дод, вале то кунун
парвозҳои доимӣ танҳо байни Душанбе ва Маскав ва он ҳам ҳамагӣ 4
парвоз дар ҳафта анҷом мешуд.
Сокинони Тоҷикистон умедворанд, ки дар пайи афзоиши бамаротиби
шумораи парвозҳои доимӣ ширкатҳои ҳавопаймоӣ нархи чиптаҳои
худро пойин хоҳанд овард. Ин ширкатҳо то кунун дар тавҷеҳи нархҳои
миёншикани худ инро баҳона мекарданд, ки зимни анҷоми парвозҳои
чартерӣ маҷбуранд аз мусофирон хароҷоти ҳарду тарафи роҳро
ситонанд, чунки ба як тараф холӣ, яъне бидуни мусофир, парвоз
мекунанд.

Мақомоти Тоҷикистон иддао мекунанд, ки онҳо тавонистанд нархи
парвозҳо аз Тоҷикистон ба Русияро то ҳадди 500 доллар пойин
фароранд. Вале сокинон то рӯзҳои охир мегуфтанд, ки чиптаи парвоз ба
Русияро бо нархи камтар аз 700 доллар харидан тақрибан имкон
надошт ва агар зарурати парвози оҷил пеш меомад, кас маҷбур буд,
барои парвоз танҳо ба як тараф беш аз 1000 доллар пардохт кунад.
Бино ба гузоришҳои расида, дар пайи хабари аз 27 август чанд
маротиба афзоиш ёфтани шумораи парвозҳои мунтазам байни
Тоҷикистону Русия нархи чиптаҳо хеле пойин рафтаааст.

Бино ба иттилои сомонаи Your.Tj,, ҳоло нархи чиптаҳо чунинанд:
«Сомон Эйр» Душанбе-Маскав – 6500 сомонӣ (нархи собит)
«ЮтЭйр» Душанбе- Маскав – аз 5400 то 5900 сомонӣ (айни нарх барои
парвози Хуҷанд- Маскав)
«Уральские авиалинии» Душанбе- Маскав – 5700 сомонӣ (собит). Ин
парвоз аз тариқи шаҳри Минералние води анҷом шуда, 9 соатро дар
бар мегирад.
Ба ҷуз аз парвозҳои байни пойтахтҳои Тоҷикистону Русия, ширкати
«Уралские авиалинии» ба 11 шаҳри дигари Русия низ аз Тоҷикистон
парвозҳо анҷом медиҳад, аз ҷумла ба Налчик, Липетск, СанктПетербург, Қазон, Уфа, Краснодар, Екатеринбург, Волгоград,
Новосибирск, Воронеж ва Самара. Нархи чиптаҳо барои ин парвозҳо
5700 сомонӣ муқаррар карда шудаанд.
Феълан ба истиснои 4 парвози доимӣ боқии парвозҳо байни Русияву
Тоҷикистон ба тариқи чартерӣ анҷом дода мешаванд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button