ВидеоМинтақа ва Ҷаҳон

КӮШИШИ ҚОЧОҚИ ҚАРИБ 100
КИЛО МАВОДИ НАШЪАОВАР АЗТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН (ВИДЕО)

Субҳи барвақти 25 август, кормандони боҷхонаи “СариОсиё”-и раёсати
боҷхона ё гумруки вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон, ки дар марз бо
шаҳри Турсунзодаи Тоҷикистон ҷойгир шудааст, аз кӯшиши қочоқи
миқдори бузурги маводи нашъаовар ҷилавгирӣ кардаанд.
Субҳи 25 август, соати 3:30 аз ҷониби гузаргоҳи “Пахтаобод”-и
Тоҷикистон ба гузаргоҳи “Сариосиё” як мошини боркаши тамғаи
“Merсedes-Benz”, таҳти идораи шаҳрванди Тоҷикистон ворид шудааст,
ки дар дохилаш 20 тонна калоба дошт.

Азиза Зокирова, корманди хадамоти матбуоти Кумитаи давлатии
боҷхонаи Ӯзбекистон дар шарҳи ин қазия гуфт: “Дар назари аввал, ҳама
чӣ гӯё дуруст ва тибқи қонун буд. Ронанда хабар дод, ки тавре ки дар
санадҳо нишон дода шудааст, ба мошинаш 20 тонна калоба бор
кардаанд. Вале бо шарофати ҳушёрии кормандони боҷхона, ҳангоми
тафтиши бордони мошин бо кумаки сагони бӯгир маълум карда шуд,
ки дар қисмати пеши бордон дар зери фарш 93 бастаи полиэтилении
рангҳояшон сабзу сурх ва зард пинҳон карда шудааст.”
Баъди кушодан ва ташхиси бастаҳо муайян карда шуд, ки дар 82 бастаи
сабху сурх 85 килою 505 грамм ҳероин ва дар 11 бастаи зард 11 килою
425 грамм ҳашиш ҷо карда будаанд.
“Ба ин тартиб, аз кӯшиши ба қаламрави кишвари мо қочоқ кардани
дар умум 96 килою 930 грамм маводи нашъаовар пешгирӣ карда шуд.
Дар робита ба ин ҷиноят мақомоти боҷхона парвандаи ҷиноятӣ оғоз
кардаанд”, – хабар дод Азиза Закирова.
Маводи мухаддире, ки дар Сариосиё, дар марз бо Тоҷикистон мусодира
шуд, 37% аз ҷамъи 260 кило маводи нашъаовари аз аввали сол
мусодиракардаи кормандони тамоми боҷхонаҳои Ӯзбекистонро ташкил
медиҳад

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button