ВидеоМинтақа ва Ҷаҳон

АҲМАДИ МАСЪУД: МО ТАНҲО БАРОИ ҶУҒРОФИЁИ ПАНҶШЕР НАМЕҶАНГЕМ, МУҚОВИМАТИ МО БАРОИ ТАМОМИ АФҒОНИСТОН АСТ! (ВИДЕО)

Аҳмади Масъуд, раҳбари ҷабҳаи муқовимати зидди Толибон дар
дараи Панҷшер дар мусоҳибаи ихтисосиаш бо бахши форсии ТВ ББС,
ки шаби 25 август нашр шуд, ба ин суол, ки вақте ҳама таслими
Толибон шуд, ӯ бо чӣ умед ба мубориза бархостааст?, чунин посух
дод: “Мо барои дифоъ аз ҷуғрофиёи танҳо Панҷшер намеҷангем, мо
дар ҷуғрофиёи ба номи Панҷшер барои иззати тамоми сарзамин, барои
арзишҳои динӣ ва миллиамон, барои тамоми Афғонистон истод шудаем.
Ин муқовимат ва истодагии Панҷшер як истодагии намодӣ аст. Ва ин
муқовимат танҳо бо будан ё набудани Аҳмад Масъуд хулоса намешавад,
ки бигӯем, агар мо ҳастем, муқовимат ҳаст, ва агар мо набошем, нест. Ба
ҳеҷ ваҷҳ!”

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button