Хабарҳои кӯтоҳ

ҲАЛОКАТИ ЯК ШАҲРВАНДИ АФҒОНИСТОН ДАР ГАРДИШИ ФАЛАКОН ВА ЯК КӮДАК ДАР ҲИСОР

Рӯзи 24 август дар Ҳисор ва Душанбе ду пиёдагард зери чархи мошин
ҳалок шудаанд.
Аз ҷумла субҳи барвақти 24 август, соати 04:30, Розӣ Амин, с.т.1989,
шаҳрванди Афғонистон, муваққатан истиқоматкунандаи ҷамоати
шаҳраки М.Турсунзодаи ноҳияи Рӯдакӣ дар гардиши тарафи деҳаи
Фалакон зери чархи мошин ҷон бохтааст. Ронанда аз ҷои ҳодиса
фирор кард, вале кормандони милиса шахсияти ӯро муайян ва
дастгир кардаанд. ВКД гуфт, ки ӯ сокини ҷамоати Роҳатӣ Умедҷон
Ибодов, с.т. 1987 мебошад.

Ҳамин тавр, рӯзи 24 август, соати 17, адр роҳи Турсунзода – Душанбе
як мошини “Тойота Королла” дар ҳудуди ҷамоати Навободи Ҳисор як
кӯдаки чорсоларо пахш кардааст. Хуршед Назиров, с.т. 2017, бар
асари ҷароҳатҳои бардоштааш дар бемористон ба ҳалокат расид.
Аз навори хабарҳои рӯзи 25 августи маркази матбуоти ВКД
Тоҷикистон
Ба ҳалокат расидани ду пиёдагард дар натиҷаи ноуҳдабароии
ронандагон
Рӯзи 24-уми августи соли 2021, тахминан соати 17:00, ронандаи
автомашинаи тамғаи «Тойота-Королла», Исломзода Абдуқаюм Қувват,
соли таваллудаш 1997, сокини ноҳияи Восеъ, ҳангоми ҳаракат аз самти
шаҳри Турсунзода ба самти шаҳри Душанбе, дар ҳудуди шаҳри Ҳисор, аз
уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди хурдсол,
Назиров Хуршед Фирдавсович, соли таваллудаш 2017, сокини ҷамоати
деҳоти Навободи шаҳри Ҳисорро пахш намудааст.
Дар натиҷа, хурдсол Назиров Х.Ф. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта,
дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Мутаассифона, санаи 24-уми августи соли 2021, тахминан соати 04:30-
дақиқа, автомашинаи тамға ва ронандааш номаълум ҳангоми ҳаракат
бо кӯчаи Қаҳҳорови шаҳри Душанбе аз тарафи ноҳияи Рӯдакӣ ба самти
кӯчаи А.Ҷомии шаҳри Душанбе, дар вақти гардиш ба тарафи деҳаи
Фалакони ноҳияи Рӯдакӣ, пиёдагард шаҳрванди Ҷумҳурии Исломи
Афғонистон, Розӣ Амин, соли таваллудаш 1989, муваққатан
истиқоматкунандаи ҷамоати шаҳраки М.Турсунзодаи ноҳияи Рӯдакиро
пахш намуда, аз ҷойи ҳодиса ба самти номаълум ғайб задааст.
Дар натиҷа, пиёдагард Рози Амин, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ
бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби
кормандони милитсия ронандаи автомашинаи тамғаи «Тойота Камрӣ»,
Ибодов Умедҷон Неъматович, соли таваллудаш 1987, сокини ҷамоати
деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ, дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад

Ошкор гардидани амалҳои қаллобӣ
Дар натиҷаи баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз
ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 47-солаи
сокини ҷамоати деҳоти Бӯстонқалъаи ноҳияи Кӯшониён, ки пеш бо
моддаҳои 247 ва 338 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд
шудааст, аввалҳои моҳи июни соли 2021 ба боварии зани 34-сола ва
шавҳараш марди 36-солаи сокинони ҷамоати шаҳраки Бӯстонқалъаи
ноҳияи мазкур даромада, аз онҳо 100 ҳазор сомонӣ гирифта, ба онҳо
0,06-га қитъаи замин аз заминҳои хоҷагии деҳқонии “Валиҷон”-и ноҳия,
воқеъ дар деҳаи номбурда, бе ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда ҷудо карда
додааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои 247 қисми
4 ва 338 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда
шуда, тафтишот идома дорад.
Инчунин, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз
ҷониби кормандони милитсия мардони 45 ва 35-солаи сокинони
шаҳрҳои Душанбеву Ваҳдат бо гумони содир намудани кирдори
қаллобӣ дастгир карда шуданд.
Номбурдагон, аввалҳои соли 2021, ҳангоми дар назди мағозаи Гулистон,
воқеъ дар кӯчаи Н.Қарабоеви пойтахт қарор доштанашон бо роҳи
фиреб ба боварии марди 35-солаи сокини пойтахт даромада, аз ӯ 1-адад
автомашинаи тамғаи “Порше”-ро ба маблағи 100 ҳазор сомонӣ
нархгузорӣ карда гирифта, ваъда додаанд, ки маблағашро баъд аз 2-моҳ
бармегардонанд, аммо номбурдагон автомашинаро фурӯхта, 3 ҳазор
сомониашро баргардонида, боқимонда маблағашро ба манфиати
шахсиашон сарф намудаанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button