ФарҳангЧеҳраҳо

ИМОРОТИ АРАБ БА АБДУРОЗИҚ ВИЗАИ ТИЛЛОӢ ДОД (ВИДЕО)

Мақомоти Имороти Муттаҳидаи Араб рӯзи 24 август ба Абдурозиқ,
овозхон ва шоумени ҷавони тоҷик визаи тиллоӣ тақдим карданд. Ӯ бо
ин виза метавонад 10 сол дар ҳудуди Иморот, аз ҷумла дар Дубай ва
Абу Забӣ бидуни виза кору иқомат кунад.
Абдурозиқ бо нашри видеои тақдими визаи тиллоӣ дар саҳифааш дар
Инстаграм навишт: “Ҳазор раҳмат, бародарон, имрӯз ба дастгирии
ҳамаи шумо Визаи Тиллоӣ гирифтам! Мо метонем!”

Дар видео дида мешавад, ки як мақоми Иморот ба Абдурозиқ
шиносномаашро бо муҳри визаи тиллоӣ тақдим мекунад ва Абдурозиқ
рақсу шодикунон ӯро ба оғӯш кашида, ба ҳама муҳри визаи тиллоиро
дар шиносномааш нишон медиҳад. Ӯ мегӯяд, аввалин нафаре аз
Тоҷикистон аст, ки мақомоти Иморот чунин виза тақдим карданд.
Абдурозиқ, як овозхони ҷавони зодаи Панҷакент аст, ки 17 сол ва
ҳамагӣ 1 метр қаду 17 кило вазн дорад. Ӯ бо сурудхониаш дар бозори
Панҷакент ном баровард ва ду сол пеш репсарои шинохта Барон
(Беҳрӯзи Шариф) Абдурозиқро ба Душанбе оварда, таронаҳояшро
тавассути студия ва канали “Авлод Медиа” сабт ва наҳр кард. Ҳоло
таронаҳои Абдурозиқ дар Ютуб ҳар кадом чандин миллион тамошобин
ҷамъ меоранд.
Шуҳрати ин овозхони навраси тоҷик ду моҳ пеш дар пайи эълони
ҷангаш бо блогери низ хурдҷусса аз Доғистон Хасбулло (Хасбик) ба
берун аз Тоҷикистон роҳ ёфт. Он ҷанг дар ниҳоят доир нашуд, вале
овозаи Абдурозик чунон оламшумул шуд, ки ӯро акнун ба ҷашну
тантанаҳои байналмилалӣ даъват мекунанд ва ҳатто ошпази машҳури
турк Бурак бо Абдурозиқ якҷо гамбургери бузурге пухт, ки аз Абдурозиқ
ҳам калонтар буд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button