Хабарҳо

БОЗДОШТИ РАИС ВА ЗАМИНСОЗИ ҶАМОАТИ ЧОРЯККОРОН БАРОИ ЗАМИНФУРӮШӢ

Як манбаи огоҳи пойгоҳи хабарии “Бомдод” хабар дод, ки кормандони
Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон раиси ҷамоати
Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ бо номи Зоиршоҳ ва муҳандиси заминсози
ҳамин ҷамоат бо номи Мирзоро бо иттиҳоми фурӯши ғайриқонунии
қитъаҳои замин дастгир кардаанд ва ҳоло онҳо дар ҳабси пешакӣ қарор
доранд.
“Раиси ҷамоати Чоряккорон ва заминсозаш рӯзи шанбе, 21 август
ҳангоми гирифтани 50 ҳазор сомонӣ пули пора дастгир шуданд. Ин
пул аз онҳо ҳамчун далели шайъӣ мусодира карда шуд”, хабар дод

Нисбат ба Зоиршоҳ ва Мирзо мутаносибан бар асоси ду банди Кодекси
ҷиноятии Тоҷикистон: моддаи 319, қисми 3 (гирифтани пора аз ҷониби
раҳбари мақомоти маҳаллии ҳокимият) ва моддаи 247, қисми 2
(қаллобӣ бо истифода аз мансаб) парвандаҳои ҷиноятӣ кушода шудааст
ва тафтиши ин парванда идома дорад.
Ба муҳандис барои қаллобӣ ҷарима ваё аз 2 то 5 соли зиндон ва ба
раиси ҷамоат барои гирифтани пора аз ҷониби раҳбари мақомоти
давлатӣ аз 5 то 10 соли зиндон таҳдид мекунад.
Дар ноҳияи Рӯдакӣ тақрибан ягон ҷамоате нест, ки раис ва дигар
масъулонаш бо иттиҳоми фурӯши ғайриқонунии қитъаҳои замин ба
ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида нашуда бошанд.
Гап сари он аст, ки вақте дар Душанбе бо баҳони Генплан тахриби
хонаҳо зиёд шуд, бисёре аз шахсони сарватманд барои сохтани хона
кӯшиш мекунанд, ки берунтар аз шаҳр ва асосан аз ҳудуди ноҳияи
Рӯдакӣ, ки аз се тараф Душанберо иҳота кардааст, замин бихаранд. Ин
боиси бамаротиб боло рафтани нархи замин дар атрофи пойтахт
шудааст. Як сотих замин дар ҳудуди ҷамоатҳои бо Душанбе ҳаммарзи
ноҳияи Рӯдакӣ ҳоло то чанд ҳазор доллар нарх дорад.
Ҷамоати Чоряккорон низ бо маҳаллаҳои Зарафшон, Испечак ва Авули
Душанбе ҳаммарз буда, ба ин далел, нархи замин дар Чоряккорон низ
хеле болост.
Дар ҳудуди ноҳияи Варзоб, ки аз шимол бо пойтахт ҳаммарз аст, нархи
замин боз ҳам гаронтар аст. Мардуми сарватманд дар Варзоб асосан
барои сохтани дача (бӯстонсаро) замин мехаранд.
Дар умум, фурӯши қитъаҳои замин барои сохтани хонаи истиқоматӣ ваё
иншооти тиҷоратӣ дар Тоҷикистон ба яке аз риштаҳои аз ҳама
фасодзада табдил ёфтааст. Додситонии кулли Тоҷикистон ду ҳафта пеш
гуфт, танҳо дар нимаи аввали соли 2021 мақомоти ҳифзи ҳуқуқ беш аз

8928 гектар қитъаи замини ғайриқонунӣ тақсимшударо “ба ҳолати
аввалааш баргардонданд.”
Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезияи Тоҷикистон Ориф
Хоҷазода моҳе пеш дар нишасти хабариаш эътироф кард, ки “замин
имрӯз мавзӯи баҳси рақами 1 шудааст. Мо кормандони беинсофро аз
кор меронем ва ҷазо медиҳем. Аз тарафи дигар, кадрҳои бовиҷдон ва
саводнок намерасанд.”
Ориф Хоҷазода гуфт, дар мақомоти прокуратура дар робита ба
муомилоти ғайриқонунӣ бо қитъаҳои замин 134 парванда боз шуда, дар
ин парвандаҳо номи 11 корманди кумитаи замин, 40 корманди
корхонаи “Сабти амволи ғайриманқул” ва 15 заминсозони ҷамоатҳо
зикр мешаванд.Ӯ хабар дод, ки ахиран 8 раиси кумитаҳои идораи
замини маҳаллӣ ва 9 директори корхонаҳои фаръии “Сабти амволи
ғайриманқул” барои роҳ додан ба қонуншиканӣ аз мансабҳояшон
барканор шуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button