МУҲОҶИРОН

ЗАНОЗАНИИ МУҲОҶИРОНИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК ДАР ПЕТЕРБУРГ

Шаби 22 август дар канораҳои ҷанубуғарбии шаҳри Санкт-Петербург
дар шоҳроҳи Красноселское бо иштироки муҳоҷирон аз Тоҷикистону
Ӯзбекистон занозании гуруҳӣ рӯй додааст.
Бино ба хабарҳо, шаби 22 август, соати 20:43 ба пулис хабар додаанд, ки
дар назди бинои № 54/6 дар шоҳроҳи Красноселское ҳудуди 25 нафар
занозанӣ доранд. Аз ҷои ҳодиса як шаҳрванди22-солаи Ӯзбекистонро
бо захми корд дар ноҳияи қафаси сина дар ҳолати вазнин дар
беморхонаи шаҳрии №26 бистарӣ кардаанд.

Пулис дар ҷои ҳодиса 14 муҳоҷир, аз ҷумла 9 шаҳрванди Ӯзбекистон, 4
шаҳрванди Тоҷикистон ва як зодаи Қирғизистонро дастгир кардааст. 5
нафари онҳоро барои вайрон кардани қоидаҳои будубош дар Русия бар
асоси моддаи 18.8 КоАП Русия 500рублӣ ҷарима баста, 8 нафар ба
шарти ҳозир шудан барои бозҷӯӣ ҷавоб додаанд ва танҳо як шаҳрванди
Тоҷикистонро пушти панҷара боқӣ гузоштаанд.
Хабаргузории маҳаллии «Оперативное прикрытие» хабар дод, ки рӯзи
23 август дар робита ба ин ҳодиса бар асоси ду банди Кодекси ҷиноятии
Русия: қисми дуюми моддаи 111 (расондани осеби вазнин ба саломатӣ)
ва қисми дуюми моддаи 213 (авбошӣ) парвандаи ҷиноятӣ кушода, дар
чорчӯби ин парвандаи ҷиноятӣ алакай 4 нафар: 3 шаҳрванди
Ӯзбекистон ва шаҳрванди Русия бо номи Сулаймон У. дастгир шудаанд.
Дар бораи сабаби ин занозанӣ дар канори Петербург иттилое нашр
нашудааст.
Дар чанд ҳафтаи охир дар чанд шаҳру вилояти Русия занозаниҳои
гуруҳӣ байни муҳоҷирон ва бо иштироки онҳо рӯй дод, ки нигаронии
ҷиддии мақомоти Русияро ба бор овардааст.ВКД Русия ҳушдор дод, ки
аз ин ба баъд муҳоҷиронро барои иштирок дар занозаниҳои оммавӣ
бидуни ягон чуну чаро аз қаламрави Русия депортатсия карда, аз ҳаққи
вуруд маҳрум хоҳанд кард.
Ҳафтаи гузашта пулиси Маскав хабар дод, ки алакай 46 иштирокчии
занозании шаби 12 июл байни зодагони Қирғизистону Тоҷикистон дар
назди истгоҳи метрои Кузминки аз Русия депортатсия шуданд. Дар
маҷмӯъ, пулис аз боздошти 103 иштирокчии он занозанӣ хабар дода,
гуфт, ки 87 нафари онҳо ҳукми ихроҷ гирифтаанд. Расонаҳои Русия
хабар доданд, ки муҳоҷирони дар занозанӣ иштироккардаро ба муҳлати
40 сол аз ҳаққи бозгашт ба Русия маҳрум кардаанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button