Марзи Тоҷикистону ҚирғизистонХабарҳоҲуқуқи инсон

МАРЗБОНҲОИ ҚИРҒИЗ: ТОҶИКҲО ДАР МАРЗ ХАНДАҚ МЕКАНАНД, ДУ МОШИНРО САНГБОРОН КАРДААНД

Хадамоти мархбонии Қирғизистон рӯзи 22 август дар бораи чанд
муноқишаи нав дар қисмати Исфара – Бодканди марзи ин кишвар бо
Тоҷикистон хабар дод.
Аз ҷумла субҳи 21 август, ба гуфтаи марзбонҳои қирғиз, ҷониби
Тоҷикистон дар наздикии сарбанди оби “Головной” дар ҳудуди худ, вале
дар наздикии марзи ду кишвар ба корҳои роҳсозӣ шурӯъ карда, шағал
оварда рехтааст

Соати 12 бошад, шаҳрвандони Тоҷикистон дар соҳили ғарбии дарёи
Оқсӯ, ки дар Тоҷикистон дарёи Исфара ном дорад, бо истифода аз
техникаи махсус (экскаватор, погрузчик ва 5 КамАЗ) ба кандани хандақ
сар кардаанд.
Марзбонҳои қирғиз мегӯянд, маълум шуд, ки ин корҳоро шаҳрдории
Исфара анҷом медодааст.
Дар пайи ин, мулоқоти намояндагони мақомоти марзбонии
Қирғизистону Тоҷикистон сурат гирифта, соати 17:30 ҷониби Тоҷикистон
корҳои роҳсозӣ ва кандани хандақро қатъ кардааст.
Вале рӯзи 22 август, соати 11:15 дар ҳудуди сарбанди оби “Головной”
шинондани опалубкаҳо барои бетонрезӣ аз сар гирифта шудааст ва ба
ин далел, намояндагони мақомоти марзбонии Қирғизистону Тоҷикистон
дигарбора пушти мизи музокирот нишастаанд.
Марзбонони қирғиз ҳамчунин хабар доданд, ки нимашабии 22 август,
тақрибан соати 00.30, афроди номаълум дар мавзеи Эки-Тош дар роҳи
Бодканд – Исфана ду мошини шаҳрвандони Қирғизистонро, ки ба сӯи
вилояти Ӯш мерафтанд, сангборон кардаанд. Дар натиҷа, дари мошини
Mercedes-Benz осеб дида, шишаи Honda Stream шикастааст, вале
мусофирон осеб надидаанд.
Сообщается, что пострадавших среди пассажиров нет.
Ҷониби Тоҷикистон то кунун ин ҳодисаро шарҳ надодааст.
Бо гузашти қариб 30 сол аз суқути Иттиҳоди Шӯравӣ аз 970 км марзи
мустақими байни Тоҷикистону Қирғизистон то кунун наздики 500
километраш таъйин ва аломатгузорӣ нашудааст. Дар қитъаҳои баҳсӣ ҳар
сари чанд вақт бар сари обу замину чарогоҳу роҳ муноқишаҳо рух
медиҳанд.

Дар поёни моҳи апрели соли ҷорӣ бар асари задухӯрдҳои мусаллаҳона
дар марзи Исфараву ноҳияи Б.Ғафуров бо ноҳияҳои Бодканду Лайлак 55
нафар кушта, ҳудуди 240 захмӣ шуд. Ин хунинтарин муноқиша дар
таърихи муноқишаҳои марзии Осиёи Марказӣ баъд аз фурӯпошиии
СССР дониста мешавад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button