КоронавирусХабарҳои кӯтоҳ

ОХИРИН ОМОРИ COVID-19: 49 КАС БЕМОР ШУД, 68 КАС ШИФО ЁФТ ВА ХУШБАХТОНА, КАСЕ НАФАВТИДААСТ

Вазорати тандурустии Тоҷикистон шоми 21 август хабар дод, ки дар як
шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 49 ҳолати нави гирифторшавии
шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта
шуда, дар айни замон 68 нафар аз ин беморӣ шифо ёфтаанд ва
хушбахтона, касе нафавфтидааст. Бино ба омори вазорат, шоми 21
август дар Тоҷикистон: дар хона ё бемористон аз коронавирус 125
нафар табобат мегирифтанд. Барои муқоиса, дар моҳи июл, ки нуқтаи
авҷи мавҷи ахири коронавирус дар Тоҷикистон буд, дар як вақт беш аз
400 нафари гирифтори коронавирус таҳти табобат қарор доштанд.
Дар маҷмӯъ, аз аввали пандемияи то шоми 21 август дар кишвар 16 423
ҳолати сироят ба коронавируси нави COVID-19 сабт шуда, аз ин шумора
то санаи зикргардида 16 174 нафар (98,5%) шифо ёфта, 124 нафар,
мутаассифона, фавтидаанд

Бисёриҳо ба омори расмии вазорати тандурустӣ бо шубҳа нигоҳ
мекунанд, вале кам шудани шумораи беморони коронавирус дар
Тоҷикистон дар нимаи дуюми моҳи августро манобеи дигар, аз ҷумла
сокинон ва табибон низ тасдиқ мекунанд ва мегӯянд, нисбат ба моҳи
июл миқёси паҳншавии пандемия зоҳиран хеле коҳиш ёфтааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button