ВидеоМинтақа ва Ҷаҳон

ГЕНЕРАЛ АҒБАР: ПАНҶШЕР ЯК ҚАЛЪАИ ШИКАСТНОПАЗИР АСТ, ЗӮРИ ТОЛИБОН БА ОН НАМЕРАСАД (ВИДЕО)

Муҳаммадзоҳири Ағбар, сафири Афғонистон дар Душанбе дар як
мусоҳибаи муфассали видеоӣ бо хабарнигори тоҷик Нилуфари Азиз
изҳори итминон кард, ки ҷангиёни Толибон тавони тасарруфи дараи
Панҷшер, охирин минтақаи хориҷ аз назорати Толибон дар
Афғонистонро надоранд.
Сафорати Афғонистон дар Душанбе нахустин сафорате шуд, ки акси
Ашраф Ғанӣ, раисиҷумҳури қаблиро аз девораш канд ва ба ҷои он акси
Амруллоҳ Солеҳ, ноиби аввали Ғаниро насб кард. Амруллоҳ Солеҳ
баъди суқути Кобул ба дасти Толибон ба дараи Панҷшер паноҳ бурда,
худро раҳбари нави Афғонистон эълон кард.

Муҳаммадзоҳири Ағбар, ки худ ҳам зодаи Панҷшер аст ва солҳои зиёде
зери парчами Аҳмадшоҳи Масъуд ҷангидааст, мегӯяд, Панҷшер тавони
муқовимати тӯлонӣ ба зидди Толибонро дорад. Ӯ ҳамчунин изҳори
умедвор кард, ки фармондеҳони аз ҷабҳа ва аз Афғонистон
фироркарда, назири Атомуҳаммади Нур ё маршал Дӯстум низ ба
кишвар баргашта, ба саффи муқовимат аз нав хоҳанд пайваст.
Аммо хушбинии генерал Ағбар ба шикастнопазирии дараи Панҷшер
дар ҳолест, ки қаблан айни хушбиниҳо дар мавриди қавӣ ва
шикастнопазир будани ҷабҳаҳои муқовимати зидди Толибон дар
Мазори Шариф ва Ҳирот, мутаассифона, ботил баромад ва ҷангинёни
Толибон ин ду ҷабҳаи асосӣ дар шимоли Афғонистонро тақрибан
бидуни ҷанг ба даст оварданд.

https://www.facebook.com/nilufar.aziz

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button