ИқтисодЧеҳраҳо

ДАРГУЗАШТИ МУОВИНИ СОБИҚИ РАИСИ БОНКИ “ИМОН” БАШИРХОН ЁДГОРОВ

Баширхон Ёдгоров, собиқ муовини мудири кулли бонки “Имон
Интернешнл” аз олам чашм пӯшид. Дар бораи марги ногаҳонӣ ва
ғофилгири ӯ дар Фейсбук Гулбаҳор Маҳкамова (Гулбаҳор Мақсуд), яке аз
асосгузорони бонки “Имон” хабар дод. Дар бораи иллати марги
бонкдори маъруф чизе гуфта нашудааст.
Баширхон Ёдгоров аз соли 2000 то 2018 дар бонки “Имон” кор карда
буд. Ӯ вақте аз кор рафт, ки бино ба иттилои дарёфтӣ, раҳбарони “Имон
Интернешнл” бо командаи наве, ки ба раҳбарии Бонки миллии
Тоҷикистон омад, забон ёфта натавонист ва ин яке аз бонкҳои аз ҳама
комёби Тоҷикистонро, ба қавле “хӯрданд” ва тамоми роҳбарони
пешинаш, аз ҷумла асосгузорони бонки “Имон”-ро ронданд.

Гулбаҳор Маҳкамова ҳам менависад, ки миёни бонки “Имон” замоне
шикаст, ки мутахассисоне, чун Баширхон Ёдгоров тарки ин муассисаи
молиявӣ карданд.
“Баширхонро ҳамчун як инсони дилкушод ва дилсоф, ки ҳамеша
барои дароз кардани дасти ёриаш омода буд, дар ёд хоҳам дошт.
Танҳо метавон тасаввур кард, ки даргузашти ӯ дар чунин синни ҷавон
ва айни авҷи умр чӣ қадар як зарбаи сангине барои модар ва зану
кӯдаконаш шудааст.
Ӯ бо садоқате, ки ба кори худ дошт, эҳтиром ва муҳаббати ҳамаи
онҳоеро, ки ӯро мешинохтанд ва бо ӯ шарафи ҳамкорӣ доштанд, ба
даст оварда буд.
Ӯ бо суръат аз мураббии бизнес то ба мақоми муовини аввали
мудири “Имон Интенешнл” сабзид ва то имрӯз ҳам кор мекарду ба ин
муассиса манфиат меовард, агар он рӯзи сиёҳи 27 декабри соли 2017
иттифоқ намеуфтод. Маҳз ҳамон рӯз миёни ин муассисаи бузург ва
командаи якдилу якҷонашро шикастанд.

https://www.facebook.com/gmakhkamova/posts/5986695884706017

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button