Дин ва боварҳоХабарҳои кӯтоҳ

ДАРГУЗАШТИ РОҲИБ РУСТАМ БЕГАЛИЕВ, ПАДАРИ ОВОЗХОН ДАНИЕЛ РУСТАМОВ

Рустам Бегалиев, роҳиб, ё пастори калисои протестантии “Сафорати
Худованд” (“Посольство Божье”), падари овозхони шинохта аз
Тоҷикистон Даниел Рустамов рӯзи 20 август дар синни 52 аз олам
чашм пӯшид. Дар бораи сабаби марги ӯ чизе гуфта намешавад.
Сандей Аделаҷа, асосгузор ва сарроҳиби калисои “Сафорати Худованд”,
дар як номаи таъзия роҳиб Бегалиевро “сарбози асили Исои Масеҳ” ва
инсоне номид, ки “қатъан тавба кардаву қатъан хидмати Худоро
мекард, то охирин рамақи ҷон худро фидои мардум ва Худованд
кард.”

д,
ки падараш аз олам чашм пӯшидааст: “Роҳиб Рустам ба дунёи уқбо

пайваст ва ҳоло ӯ дар Фалак бо Парвардигори мост.”
Рустам Бегалиев 4 апрели соли 1969 ба дунё омада, соли 1994
Донишкадаи тиббии Тоҷикистонро хатм кардааст. Ӯ солҳои зиёде дар
Афғонистон барои калисои “Сафорати Худованд”, ки зодаи Нигерия
Сандей Аделаҷа дар солҳои 90 дар Украина таъсис додааст, хидмат
мекард.
Писари Рустам Бегалиев – Даниел Рустамов дар пайи иштирокаш дар
чанд озмуни мусиқӣ дар телевизионҳои Русия ва Украина, аз ҷумла
«Голос», «Песни» ва “X-Factor” шуҳрат пайдо кард

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button