ВидеоКоррупсия

ХОҲЕД БА РАҲМОН ШИКОЯТ КУНЕД, ХОҲЕД – БА ПУТИН! ЯК СОКИНИ ХУҶАНД НАҚЛ КАРД, КИ ҚАРОРИ БАРОЯШ ЛОЗИМРО ЧӢ ХЕЛ ВА ЧАНД ПУЛ “ХАРИД” (ВИДЕО

А Р И З А И К О Л Л Е К Т И В Ӣ
Мо сокинони ш.Хуҷанд, маҳаллаи Сайхун, кӯчаи Ҷ.Румӣ хуб дарк
мекунем, ки Шумо аз сабаби вазифаҳои масъулиятноктарини давлатиро
ба зимма доштанатон, ба баъзе аз мактубҳои ҳатмиву манфиатбахш
аҳамияти хоса дода наметавонед.
Мутаасифона ҳарчанд хостем то бо ин мактуби худ вақти
пурқиммататонро нагирем, лекин маҷбур шудем то ин, ки ба Шумои
арҷманд муроҷиат намоем.
Мо аҳли маҳалла қабл аз ҳама тинҷиву оромии кишвари
маҳбубамонро пеша гирифта, барои ободонии гирду атроф ва кӯчаҳои
минтақаи худ кӯшиш ба харҷ дода истодаем.
Тибқи Супоришҳои Раисони вилоятиву шаҳри мо аҳли ин кӯча ҳар
яке бо заҳмати худ канале, ки селроҳа давраҳои пеш буд обод кардем,
дарахт шинонидем, каналҳои калон буданд бо хокҳои тоза пур кардем.
Ҳамавақта барои ободонии гирду атрофи кӯчаамон ҳама иттифоқона
кӯшишҳоро ба харҷ дода будем.
Гуфтан ҷоиз аст, ки вақтҳои охир дар маҳаллаи мо нотинҷие ба амал
оварда шуда истодааст, ки тибқи Қарори таҳти № 252 аз 24.06.2020 сол
қитъаи замин ба масоҳати 2625,0 м.м воқеъ дар кӯчаи Ҷ.Руми барои
истифодаи бемӯҳлат барои сохтмони майдончаи варзишӣ, майдонча
барои бозии бачагон, гулгашт. Нуқтаҳои хизматрасонӣ ва савдо аз
масолеҳи навъи сабуки замонавӣ ба Холбоев Салим Тошбоевич
вобаста карда шудааст. Бояд зикр кард, ки ҳангоми қабули Қарори
мазкур талаботҳои санадҳои меъёрӣ ба инобат гирифта нашуда, қитъаи
замини байни кӯчаги, яъне роҳҳои селрав ба Холбоев С., ғайриқонунӣ
вобаста гардидааст, ки ин шахс ҳуқуқи истифодабариро надорад.
Баъдан бо ин Қарори Раиси шаҳри Хуҷанд мо аҳли гурӯҳи ҳамсояҳо
рози нашуда ба мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, яъне ба Прокуратураи
вилояти Суғд муроҷиат кардем, бо Эътирози прокурори вилояти Суғд ин
Қарори зикршуда бинобар ғайриқонуни яктарафа тартиб дода шудааст,
бекор карда шуд. Баъди гузашти вақтҳо ҳамсояи мо Холбоев Салим бо
Аризаи даъвоги ба суд оиди бекор кардани Қарори Раиси ш.Хуҷанд

карда шуда буд муроҷиат менамояд.
Қайд кардан ҷоиз аст, ки тӯли як сол аст, ки бо ин масъала дари ба
дари мақомотҳои маҳалливу, судӣ зиёда 24 оила гаштаем,ки ба доди
ягон мақомотҳои маҳалли мусби намерасанд. Даристеҳсолоти Суди
ш.Хуҷанд судя Қосими С., парванда бо даъвои Шаҳрванд Холбоев
Салим оиди бекор кардани Қарори Раиси шаҳри Хуҷанд мавриди
барраси қарор дошт, дар санаи 19 апрели соли 2021 ҳалномаи суди
бароварда шудааст.
Дар парвандаи мазкур мо сокинони маҳаллаи Сайхун кӯчаи ба номи
Ҷ.Румӣ ҳамчун шоҳидон пурсиш карда шуда будем.
Тибқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои суди бояд дар
мӯҳлати муайянкардаи қонун ба тарафҳо дастрас карда шаванд. Аммо
тӯли чанд вақт мешавад, ки ҳалномаи суди ба мо дастрас карда
нашудааст.
Тавре худ огаҳи доред сиёсати таи солҳои охир пеша намудани
Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷомеа ин такяи устувор
намудан ба ободонии кишвару кӯчаву хиёбонҳо мебошад. Дар
суханрони ва баромадҳои худ Асосгузори сулҳу ваҳдати милли Пешвои
миллатамон Э.Раҳмон ҳамавақта иброз менамоянд, ки мавқеи
иттифоқонаи маҳаллаҳо дар ҷомеа баланд аст ва таъмини зисти
озодона ва мустақилонаи ҳамсоягиро дорад.
Гуфтан ҷоиз аст, ки дар санаи 16 апрели соли равон аз ҷониби судя
Қосимӣ Сӯҳроб судяи суди шаҳри Хуҷанд ба маҳаллаи мо омада
беогоҳонии мо бо иштироки шахсони номаълум, ҳар як майдончаҳоро
аз назар гузаронида буданд, ки мо чанд нафаре огаҳ гаштем. Баъдан
дар вақти гаштугузори судя маълум намудем, ки гӯё ҳамсояи мо
Холбоев Салим хонаи зисти рақами 8-и ҳамин кӯча ба суд бо ариза
муроҷиат намуда бошад, ки Қарори Раиси ш.Хуҷанд бекор карда шавад.
Ҳамон рӯз судя Қосимӣ С., бо мо гуфтугузор намуда моро ба санаи
19 апрели соли 2021 ба маҷлиси судӣ даъват намуданд.
Дар санаи 19 апрели соли равон ҳамакаса аҳли ҷомеаи ҳамин кӯча
бо ҳам иттифоқона гуфтугузор намуда тасмим гирифтем, ки ба маҷлиси

суди зиёда аз 4-5 нафар иштирок намоем.
Дар маҷлиси суди панҷ нафар иштирок доштем. Аммо оиди аризаи
даъвогии ба истеҳсолоти судӣ қабул шуда, моҳияти даъво воқиф
набудем.
Қайд карда мешавад, ки маҷлиси суди бо таври муфассал ба ҳамаи
талаботҳои қонунҳои амалкунанда ҷавобгӯ будан гузаронида нашуд.
Судя яктарафа маҷлиси судиро оғоз намуда, ҳам даъвогару ҳам
ҷавобгарро баробари ҳис накардаанд. Ҳатто аризаи даъвогиро
қироат накарда маҷлиси судиро гӯё, ки аллакай муҳокимаи суди
гузаронида шуда бошад, давом доданд.
Тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонунҳои Ҷумҳурии
Тоҷикистон дар суд ҳар дутараф бояд баробарҳуқуқ бошанд, аммо ин
тавр набуд. Дар рафти маҷлиси суди даъвогар Холбоев С., худро на ин
ки иштирокчии маҷлиси судӣ балки як шахси мӯътабаре, ки дар ягон
маърака нишаста бошад ҳис мекард.
Ба аҳли маҳалла, яъне кӯчаи Ҷ.Румӣ, ки зиёда аз 24 нафар ҳастем
Шумо Раиси мӯҳтарам мефаҳмондед, ки оё мо метавонистем ба
парванда ҳамчун шахсони сеюм ҷалб карда шавем, ҳуқуқҳои худро дар
маҷлиси суди ҳимоя намоем на ин ки бе ягон пешниҳоди нусхаи даъво
нафаҳмида ба гуфти худи судя

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button