Хабарҳои кӯтоҳ

ҲАБСИ РОҲБАР ВА НОЗИРИ МАРКАЗИ ДИЛХУШИИ “ШОМИ ХАТЛОН”

РВКД Душанбе хабар дод, ки бо ҳукми додгоҳ Ғолибҷон Миров,
раҳбари маркази дилхушии “Шоми Хатлон”, ва Сомон Шеров, нозири
ин марказ ба 5 рӯзи ҳабси маъмурӣ маҳкум шудаанд. Сабаби
муҷозоти масъулони ин маркази дилхушии воқеъ дар кӯчаи М.
Қаландароваи ноҳияи Фирдавсӣ, ба гуфтаи мақомоти милитсия, ин
шуда, ки шаби 18 вгуст, соати 22:50 масъулони “Шоми Хатлон”
“тартиботи реҷаи кориро дар вақти шабона вайрон намуда, берун аз
вақти муқарраргардида фаъолияташонро идома додаанд. Ҳамзамон
дар бевақтии шаб бо овози баланду гушхароши мусиқӣ ва дашному
ҳақоратҳои мизоҷони худ оромии шаҳрвандону сокинонро халалдор
ва тартиботи ҷамъиятиро дар вақти шабона вайрон намудаанд.”
Ҳабси роҳбар ва назоратчии маркази
дилхушии «Шоми Хатлон” барои
вайрон кардани тартиботи шабона
Умумӣ Хабарҳои кӯтоҳ

Новобаста аз таъкидҳои ҳамешагӣ ҷиҳати риояи одоби шаҳрдорӣ,
иҷрои қоидаю тартиби реҷаи корӣ ва халалдор насохтани оромии
шаҳрвандон, мутаассифона ҳамоно ҳастанд баъзе аз роҳбарону
кормандони марказҳои хизматрасонӣ, ки дидаю дониста муқаррароти
мазкурро вайрон намуда, боиси озори шаҳрвандон дар қисмати шабона
мегарданд.
Чунончи санаи 18-уми августи соли ҷорӣ тақрибан соати 22:50 дақиқа
масъулони тарабхонаи «Шоми Хатлон» воқеъ дар кӯчаи М.
Қаландароваи ноҳияи Фирдавсӣ тартиботи реҷаи кориро дар вақти
шабона вайрон намуда, берун аз вақти муқарраргардида
фаъолияташонро идома додаанд. Ҳамзамон дар бевақтии шаб бо овози
баланду гушхароши мусиқӣ ва дашному ҳақоратҳои мизоҷони худ
оромии шаҳрвандону сокинонро халалдор ва тартиботи ҷамъиятиро
дар вақти шабона вайрон намудаанд. Ин амали онҳо боиси норозигии
шаҳрвандон гардида, новобаста аз огоҳӣ ва таъкиди кормандони
милитсия ҷиҳати риояи талаботи шаҳрдорӣ ва иҷрои реҷаи корӣ
маъмурияти ин маркази дилхушӣ ба фаъолияти ғайриқонунии худ
идома додаанд.
Бо назардошти ҳолатҳои мазкур нисбати шаҳрвандон:

Миров Ғолибҷон Маҳмадалиевич санаи таваллудаш 16.07.1998,
истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи А. Деҳотӣ, оиладор, соҳиби
як фарзанд, роҳбари маркази дилхушии «Шоми Хатлон» воқеъ дар
кӯчаи М. Қаландароваи ноҳияи Фирдавсӣ;
Шеров Сомон Назаралиевич

Шеров Сомон Назаралиевич санаи таваллудаш 01.05.1999,
истиқоматкунандаи деҳаи Мискинободи ноҳияи Файзобод, назоратчии
маркази дилхушии мазкур протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ
тартиб дода шуда, барои чораҷӯӣ ба Суди ноҳияи Фирдавсӣ ирсол
карда шуд.
Суд дар навбати худ барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ ва
иҷро накардани талаботи қонунии кормандони милитсия ҷиҳати
батанзимдарории фаъолияти тарабхона аз рӯи талаботи қонунгузорӣ
нисбати ҳар кадоми онҳо ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5-шабонарӯзӣ
таъин намуд.
Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button