Коррупсия

РАИСИ “ТОҶИКСУҒУРТА” ШАВҲАРАШРО БА КОР ГИРИФТА, ҚАРИБ 3 СОЛ БА Ӯ МАОШ ДОДААСТ


Маркази матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 12 август хабар
дод, ки додгоҳи ноҳияи Рӯшон директори КВД “Тоҷиксуғурта” дар ин
ноҳия Иззатбегим Вазирова ва сармуҳосиби ин идора Сарадбек
Сарадбековро бар асоси моддаҳои 245, қисми 2 ва 323 Кодекси
ҷиноятии Тоҷикистон ба азонихудкунии маблағҳо ва сохтакории
хидматӣ гунаҳкор шинохта, ҷазо додааст. Чӣ ҷазо гирифтани Вазирова
ва Сарадбеков гуфта нашудааст, вале дар Кодекс барои азонихудкунӣ
онҳоро метавонистанд ё ҷарима банданд ваё аз 2 то 6 сол аз озодӣ
маҳрум кунанд. Барои сохтакории хидматӣ низ ҳамчун ҷазо ҷарима ё то
2 сол ҳукми зиндон пешбинӣ шудааст.
Бино ба иттилои Додситонии кул, “муайян гардидааст, ки Вазирова И.П.
бо мақсади минбаъд дар муҳлати тӯлонӣ ва пай дар пай ба даст
овардани даромади муфт, дидаю дониста, бо истифода аз вазифаҳои
хизматии худ ҳамчун директори КВД “Тоҷиксуғурта”-и ноҳияи Рӯшон
бо роҳи сохтакорӣ 04 январи соли 2018 фармони ба вазифаи нозир
дар корхонаи мазкур ба кор кабул кардани шавҳараш Мирзоҷонов

Ғайр аз ин, меафзояд додситонӣ, “Вазирова И.П. кирдорҳои
ҷинояткоронаи худро идома дода, тибқи маслиҳати пешакӣ бо
сармуҳосиби КВД “Тоҷиксуғурта” дар ноҳияи Рӯшон Сарадбеков С.Н.
бо истифодаи ваколати мансабии худ аз моҳи феврали соли 2018 то
моҳи ноябри соли 2020 ҳармоҳа ҳамчун маош ва дигар кумакпуливу
хароҷотҳо бе иҷрои кор ва хизматрасонӣ аз ҷониби шавҳараш
Мирзоҷонов И.А. ғайриқонунӣ ба суратҳисоби охирон дар маҷмӯъ 15
882,36 сомонӣ гузаронида, онро азони худ кардааст.”
Додситонӣ афзуд, ки дар рафти тафтиш зарари ба давлат пурра
барқарор карда шуд.
Тибқи қонунҳои Тоҷикистон, дар як идора кор кардани зану шавҳар ва
дигар хешовандони наздик мамнӯъ аст. Бовар меравад, ки чунин
хешутаборбозӣ ба коррупсия роҳ мекушояд. Вале бо ин вуҷуд ҳолатҳои
дар як идора ва ҳатто дар тобеияти якдигар кор кардани хешовандони
наздик дар Тоҷикистон зиёд ба назар мерасад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button